Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Калӣ ё каммӯӣ. Мушкили нави издивоҷи ҷавонон


Барои як писари каммӯй ё ба истилоҳ, кал, издивоҷ бо ҷавондухтари муносиб дар Тоҷикистон мушкил шудааст.

Илҳом, як ҷавони 22-сола, ки аксари мӯи сари худро аз даст додааст, мегӯяд, чанд духтари писандидааш маҳз ба хотири каммӯй будан аз издивоҷ бо ӯ худдорӣ кардаанд.

Ҳоло ӯ тасмим дорад, то анҷоми табобат барои баровардани мӯи сар аз фиристодани хостгорҳо ба хонаводаи духтари писандидааш худдорӣ намояд. Илҳом мегӯяд: "Падару модарам вақте хостгорӣ мераванд, ҳоло расм аст, ки пеш аз издивоҷ писарро наздикони духтар ва худи духтар бубинанд. Эҳсос мекунам, вақте сари каммӯямро мебинанд, аз издивоҷ бо ман худдорӣ мекунанд. Шояд баъзе духтарон розӣ бошанд, ки бо сари кал бо ман хонадор шаванд, вале онҳо ба ман маъқул нестанд. Барои пайдо кардани арӯси муносиб ҳоло мӯйи сарамро табобат мекунам. Пас аз издивоҷ агар мӯи сарам ҳам рехт, парво надорам."

Чаро ҷавонон кал мешаванд?
Барқароркунии мӯи сар аз ду то ҳашт моҳро дар бар мегирад. Барои оне, ки сабзиши мӯй ба вуҷуд биёяд, мо реша, яъне фолекулаҳои мӯйҳоро барқарор мекунем, гардиши хун, ғизотаъминкуниро барқарор менамоем.


Пизишкон ба Илҳом гуфтаанд, дар кӯдакиаш, ки он замон Тоҷикистон гирифтори ҷангӣ шаҳрвандӣ буд, ғизои дуруст истеъмол накардааст ва афзун бар ин асабонияти зиёд сабаби резиши мӯи сараш будааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҷавонони каммӯй ё худ кал дар Тоҷикистон зиёд мушоҳида мешавад, ки ҳар яке аз даст додани мӯи сарашро ба таври худ шарҳ медиҳад.

Баҳриддин Ҳабибов, як ҷавони дигар, ки 30 сол дорад, мегӯяд, 7 сол боз резиши мӯи сарашро мушоҳида мекунад. Ду соли пеш ӯ бо ҷавондухтаре издивоҷ кардааст, аммо таҳқири зиёди наздикони духтар ӯ ва ҳамсарашро аз оиладорӣ дилсард карда, аз ҳам ҷудо намуд. Ҳоло Баҳриддин тасмими издивоҷ дорад, аммо ин бор бо мӯи комили сар.

Ӯ мегӯяд: "Мушкилоти зиёд доштам, рости гап. Духтурон гуфтанд, ки витамин намерасад. Ҳоло чанд чиз фармуданд, ки аз рӯи онҳо табобат дорам. Шукри Худо, ки атрофи сарам мӯй баровардааст. Ҳамин, ки пеши сарам мӯй баровард ва як ду мушкилоти дигар дорам, онҳоро ҳал кунам, Худо хоҳад дубора оиладор мешавам."

"Маро мефаҳманд"


Аммо бархе мегӯянд, аксари ҷавонони каммӯй аз хонаводаҳои камбизоатанд. Теъдоди ками ҷавонон ҳастанд, ки пас аз ягон беморӣ мӯи сарашонро аз даст додаанд. Қандил, як ҷавони дигар мегӯяд, мӯи сари ӯ аз фикри зиёд ва камбизоатӣ нарехтааст, балки ин ҳолат пас аз бемории домана рух додааст.

Вай баръакси дигар ҷавонон мегӯяд, каммӯии ӯ барои издивоҷаш ҳеҷ мушкил эҷод накардааст. Аммо Қандил мегӯяд, воқеан, аксари каммӯйҳо дар Тоҷикистон таҳқир мешунаванд: "Шукри Худо, ки каммӯӣ ба зиндагии шахсии ман ҳеҷ мушкил эҷод накард. Баръакс, ҳамсар ва падару модар, ҳангоме ки каме дилгир мешавам, дилбардориам мекунанд. Лек зиёд мебинам, ки каммӯйҳоро сарат пойи луч ва дигар гапҳо гуфта масхара мекунанд. Ман, ки ҷавони, ба гуфтае, зиёӣ ҳастам, ин ҳолатро мушоҳида намекунам."

Алапетсия ё калӣ?

Исохон Қаҳҳоров, пизишки Маркази клиникии бемориҳои пӯсту зӯҳравии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, тайи чанд соли ахир афзоиши каммӯӣ миёни ҷавонон дар Тоҷикистон зиёд мушоҳида мешавад. Ӯ мегӯяд, дар истилоҳи илмӣ рехтани мӯйро алапетсия унвон мекунанд ва аз мушоҳидаҳои ӯ 75 дарсади ҷавононе, ки мӯи сари худро аз даст медиҳанд, мушкили иҷтимоӣ доранд. Тағийри вазифаҳои сохтори асаб дар ҳолати шиддати равонӣ, дигаргунӣ дар бархе аз ғадудҳои бадан, ҳангоми норасоии ғизои зарурӣ ва дар бархе маврид гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ боиси рехтани мӯи сар мешавад.

Ҷаноби Қаҳҳоров афзуд: "Ду навъи резиши мӯй ҳаст. Якум, резиши мӯйи лонавӣ, яъне, аз ҳар ҷои сар гирд-гирд мерезад. Дуюм, муйрезиши тоталӣ, ки аз пешонӣ оғоз шуда, оҳиста-оҳиста ҳамааш мерезад. Ҳолатҳои резиши мӯй, ки дар забони мардум калшавӣ ҳам мегӯянд, нисбат ба 5-10 соли пеш зиёд мушоҳида мешавад."

Каммӯии духтарон пинҳон аст

Ба гуфтаи ин пизишк на танҳо писарон, балки ҷавондухтарони зиёде ҳам ба бемории резиши мӯй гирифторанд. Аммо духтарон ба фарқ аз писарон имкони пинҳон доштани сари худро доранд. Онҳо ё рӯймол мебанданд ва ё аз мӯйҳои сунъӣ истифода мебаранд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Исохон Қаҳҳоров, ҳоло бо усулҳои кашфшудаи тиббӣ имкони пурра барқарор кардани мӯи сар вуҷуд дорад ва муроҷиати чунин афрод низ дар ҳоли афзоиш аст.

Ӯ гуфт: "Мумкин аст, ки муйи сарро барқарор кард. Барқароркунии мӯи сар аз ду то ҳашт моҳро дар бар мегирад. Барои оне, ки сабзиши мӯй ба вуҷуд биёяд, мо реша, яъне фолекулаҳои мӯйҳоро барқарор мекунем, гардиши хун, ғизотаъминкуниро барқарор менамоем. Агар бубинем, ки мӯи сар аз заҳролудшавӣ ё нарасидани витамин аст, сабзиши мӯйро зуд ба роҳ мондан мумкин аст. Аммо агар аз ҳисоби зарб хӯрдан ё сӯхтани пӯсти сар бошад, ки пӯст рафтааст, он каме мушкилтар аст."

Табобат мумкин аст, аммо...

Аммо на ҳамаи ҷавонони каммӯй имкон доранд, ки худро табобат кунанд. Сафаралӣ мегӯяд, ӯ воқеан, хостори табобат буд, вале вақте фаҳмид, ки барои ин маблағи зиёд лозим аст, худро канор гирифт.

"Ҳамаи он доруҳое, ки гуфтанд, аз ҳазор сомонӣ ҳам зиёд аст. Қувватам барои харидорӣ намерасад. Духтур ҳам гуфт, ки ин бемории хатарнок нест. Ҳеҷ гап нест, ҳамин як зан аст, мегирем. Худо, ки мӯй надод, аз дасти мо чӣ меояд",-афзуд ӯ.

Раҳматулло, як ҷавони дигар мегӯяд, кал ном бурдани ҷавонони каммӯй дар Тоҷикистон аксаран таҳқир ҳисоб мешавад. Ба ин хотир бисёриҳо ба ҳангоми муносибат бо ҷавонони каммӯй ё бемӯй аз эҳтиёт кор мегиранд: "Баъзе аз дӯстонашон шӯхӣ мекунанд, қабул мекунанд. Латифаҳои зиёде дар бораи калҳо пайдо шудааст, ки мардум мегӯянд. Лек табиатан бисёри калҳо шӯхтабиат ҳастанд, ки қаҳрашон намекунад. Аммо ба ҳолати зоҳирии инсон набояд баҳо дод." Ҳамин аст, ки аксари каммӯйҳо сӯҳбатро дар ин мавзӯъ хуш надоранд.

Назари ҷавондухтарон

Ҷавондухтарон низ ба каммӯии писарон назари мухталиф доранд. Аз Ҷамила, як ҷавондухтар мепрусам, ки оё ҷавони каммӯеро ҳамчун ҳамсар қабул дорад, мегӯяд: "Агар ба ин хел инсон шавҳар кунӣ, ҳама масхара мекунанд. Зеби бачаи ҷавон мӯи сар аст. Дар мо одат шудааст, ки агар мӯи сари бача резад, ӯро пир, яъне синну солаш рафта, ҳисоб мекунанд. Шӯи кал, ки кардӣ ҳама мегӯянд, шӯи пир кардааст ва суханҳои зиёди дигар ҳам мегӯянд."

Собира, баръакси ин ҷавондухтар мегӯяд, барои ӯ фаҳмишу заковати дониши писар лозим аст, на ин ки мӯи сари ӯ: "Чӣ хел ҷавоне, ки бошад, ақлу фаросат дошта бошад ва дар зиндагӣ азият накашӣ. Мӯи сари ӯ нақш бозӣ намекунад ва шиками касеро сер намекунад. Духтарон бояд ба зоҳир баҳо надиҳанд, балки ба кору рафтори ҷавонон баҳо диҳанд."

Дар ҳар сурат, пизишкон мегӯянд, теъдоди ҷавононе, ки мехоҳанд, дубора мӯи сарашонро барқарор намоянд, дар ҳоли афзоиш аст. Бар асоси иттилои Маркази бемориҳои пӯст дар шаҳри Душанбе тайи 8 моҳи охир наздики ҳазор нафар барои эҳёи мӯи сар ба пизишкон муроҷиат кардаанд.
XS
SM
MD
LG