Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозпурсии муфаттиши Усмонов дар додгоҳ


Қабл аз шурӯи муҳокима. Хуҷанд, 25-уми августи соли 2011
Қабл аз шурӯи муҳокима. Хуҷанд, 25-уми августи соли 2011

Вакилони дифои Урунбой Усмонов изҳор доштанд, ки зерҳимояи онҳо латукӯб ва шиканҷа дидааст.

Ва ин дар ҳоле ки хабарнигори Би-би-сӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 13-уми июн боздошт шуда, аммо дар парванда санаи боздошт як рӯз дер, 14-уми июн, қайд шудааст. Дар тӯли ҳамин як шабонарӯз, ба гуфтаи Усмонов ва вакилонаш, Усмонов дар боздоштгоҳи муваққати раёсати амният мавриди шиканҷа ва латукӯб қарор гирифта буд.

Додгоҳи вилояти Суғд дар идомаи муҳокимаи парвандаи хабарнигори Би-би-сӣ ҷиҳати муайян кардани санаи боздошт ва иттиҳоми шиканҷа шудани Усмонов муфаттиши парвандаи ӯ, Саидмуҳиддин Саймуддиновро ба ҳайси шоҳид бозпурсӣ кард, ки яке аз муфаттишони раёсати амнияти вилояти Суғд мебошад.

Абдуқаюм Юсуфӣ, вакили дифои Усмонов гуфт, дар ҷараёни боздошти зерҳимояаш талаботи бандҳо 22 ва 52-и асноди ҷиноии Тоҷикистон, ки нахуст таъмини ҳар айбдоршавандаро бо вакили дифоъ дар лаҳзаи боздошт ва дасткашидани ихтиёрии ӯро аз вакили дифоъ боз ҳам танҳо дар ҳузури вакили дифоъ раво медонад, риоят нашудааст.

Аммо муфаттиши парвандаи Усмонов -- Саидмуҳиддин Саймуддинов ба навбати худ гуфт, Усмонов бо хости худ аз хидмати вакили дифоъ даст кашида, инро ба тариқи хаттӣ низ сабт карда буд. Муфаттиш ин нуқсро иқрор кардааст, аммо дар посух ба бархе аз пурсишҳои дигар сукут варзидааст.

Дар парванда санаи боздошти Урунбой Усмонов 14-уми июн сабт шудааст. Аммо Усмонов ва вакилони дифои вай мегӯянд, боздошти вай як рӯз қабл, 13-уми июн сурат гирифт. Ва дар тӯли як шабонарӯз Усмонов дар боздоштгоҳи муваққати раёсати амнияти Суғд мавриди шиканҷа ва латукӯб қарор гирифт.

Файзинисо Воҳидова, вакили дифои вай гуфт, ҳангоми мулоқот дар болои абрӯ, сар ва баногӯши Усмонов изҳои латукӯб мушоҳида мешуд. Аммо муфаттиши парванда инро рад карда гуфт, дар тани Усмонов ҳеҷ гуна изу нишонҳои ҷароҳатро надидааст. Вай афзуд, ки Усмонов дар мулоқоти нахуст бо муфаттиш ба тариқи хаттӣ ҳеҷ гуна даъво ва шикоят надоштани худро аз бархӯрди мақомоти амниятӣ ҳангоми боздошт бо вай баён доштааст.

Вакилони дифои Усмонов аз додгоҳ тақозо карда буданд, он корманди шуъбаи амният дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар боздошти Усмонов раҳбарӣ кардааст, Эраҷ Давлатов ба додгоҳ барои шаҳодат додан аз бархӯрди худ бо Усмонов даъват шавад, аммо рӯзи панҷшанбе вай ба додгоҳ ҳозир нашуд.

Додгоҳи вилояти Суғд эълон кард идомаи бозбинии парвандаи Усмонов субҳи рӯзи ҷумъаи 26-уми август аз сар хоҳад гирифт ва ҷиҳати муайян кардани санаи дақиқи боздошти Усмонов ва мавриди озору шиканҷа қарор гирифтани вай шоҳидон, аз ҷумла ҳамсари Усмонов даъват хоҳанд шуд.

Додгоҳ Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши узбакии Би-би-сиро барои иртибот бо Ҳизб-ут-таҳрир ва хабар надодан дар ин бора ба мақомот муттаҳам мекунад. Дар сурати исботи ин ҷурм Асноди ҷиноии Тоҷикистон то 5 соли зиндон пешбинӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол бархе аз созмонҳои ҷаҳонии дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва рӯзноманигорон, ба шумули Афви Байнулмилал ва Созмони рӯзноманигорони бидуни марз иттиҳом алайҳи Усмоновро бепоя хонда, бегуноҳ донистан ва аз толори додгоҳ озод кардани ӯро тақозо карданд.
XS
SM
MD
LG