Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии сарнавишти ояндаи Либия дар Истанбул


Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷаи Туркия мегӯяд, Созмони Милал бояд ҳарчӣ зудтар маблағҳои муттаалиқ ба давлати Либияро ба ҳукумати шӯришиён бидиҳад, то вазъ дар кишварро ба эътидол оварданд. Ӯ имрӯз гуфт: "Мо бояд Шӯрои миллии гузори Либияро бо абзорҳои лозим таъмин муҷҷаҳаз кунем, ки тавонад бо чолишҳои ҷиддие, ки имрӯз пеши рӯ дорад, муқобила кунад. Аз ин рӯ мо бояд барои рафъи ниёзмандиҳои фаврии молии Шӯрои миллии гузор дар чаҳорчӯби Шӯрои Амният иқдом кунем." Аҳмад Довудоғлу дар ин бора зимни ифтитоҳи нишасти Гурӯҳи байналмилалии тамоси Либия дар Истанбул сухан гуфт, ки дар он сарнавишти ояндаи Либия баррасӣ мешавад. Бо суқути давлати Муаммар Қаззофӣ ва бебандуборӣ дар кишвар, шӯришиёни Либия мегӯянд, Созмони Милал бояд 5 миллиард доллар маблағҳои давлатии масдудшударо барои пардохти музди кори мардум ва таъмини хадамоти муҳим, аз ҷумла беҳдоштӣ дар ихтиёри онҳо гузорад.
XS
SM
MD
LG