Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи пуршикояти як ҳомии ҳуқуқи Эрон


Як вакили додгустарӣ ва ҳомии ҳуқуқи зиндонӣ дар Эрон бо нашри номаи саркушодае аз нуқси низоми додгоҳӣ дар кишвараш шикоят кардааст. Муҳаммад Сайфзода, дар ин нома ба унвони Муҳаммади Хотамӣ, раиси ҷумҳури собиқи Эрон гуфтааст, низоме, ки дорои додгоҳҳои хуб ва аҳзоби озод бошад, дучори инқилоб намешавад. Дар номаи ӯ омадааст, дар аҳди Хотамӣ, ки соли 1997 раиси ҷумҳур интихоб шуд, дар ҳеҷ яке аз 6 ҳазор парвандаи сиёсӣ муҳокимаи муттаҳамон одилона набудааст. Ӯ навиштааст, инқилоб замоне иттифоқ меафтад, мардуми ситамдида додгаре пайдо накунанд. Муҳаммад Сайфзода, вакили додгустарӣ ва аз бунёнгузорони Конуни ҳуқуқи башар аст, ки ба иттиҳоми ташкили ин созмон ва таблиғ алайҳи низоми исломӣ дар Эрон чаҳор моҳ пеш ба 2 соли зиндон маҳкум шуд.
XS
SM
MD
LG