Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гардиши бузург" дар таҳқиқи қатли Анна Политковская


Анна Политковская
Анна Политковская

Афсари мустаъфии пулиси Русия бо гумони ташкили қатли Анна Политковская, боздошт шудааст.

Боздошти подполковник Дмитрий Павлюченков зоҳиран муфаттишонро ба кашфи фармоишгари ин қатли пурсарусадо як қадами дигар наздиктар мекунад. Аммо фаъолон нисбат ба имкони ифшо шудани фармоишгари қатли Политковская чунон хушбин нестанд, ки мақомоти тафтишотии Русия.

Владимир Маркин, сухангӯи Кумитаи тафтишотии Русия гуфт, подполковники собиқи пулиси Маскав Дмитрий Павлюченков рӯзи 23-юми август дастгир шуда, ба ташкили сӯиқасд ба ҷони хабарнигор, аз ҷумла истихдоми се чеченитабор барои анҷоми ин куштор ва таъмини онҳо бо силоҳи бесадо айбдор мешавад: "Павлюченков дар ивази
Владимир Маркин

ҷоизаи пулӣ барои қатли Политковская фармоиш гирифт ва гурӯҳи ҷиноиеро созмон дод, ки се бародарон Маҳмудовҳо ва афроди дигарро дар бар мегирифт.”

Маркин афзуд, ки Павлюченков он замон масъули як воҳиди вижаи пулис буд ва бовар меравад, ки аз имконоти ходимонаш ба хотири таъқиби ҳаракатҳои Политковская низ истифода бурдааст: “Павлюченков он замон раҳбари шӯъбаи чоруми бахши ҷустуҷӯи ҷиноии идораи пулиси Маскав буд. Ин шӯъба масъули назорати ҳаракатҳои афроди гумонбар аст ва ӯ ба зердастонаш амр дод, то ба хотири муайян кардани масир ва вақти ҳаракати ин хабарнигор аз пасаш таъқиб баранд. Павлюченков баъдан силоҳ ба даст овард ва нақшаи сӯиқасдро сохта, нақши ҳар нафарро дар таҳия ва анҷоми ин куштор муайян кардааст.”

Хабарнигори “Новая газета” Анна Политковская, ки асосан дар бораи нақзи ҳуқуқи инсон дар Чеченистони ҷангзада гузориш менавишт ва нисбат ба Кремл дидгоҳи шадидан интиқодӣ дошт, моҳи октябри соли 2006 дар назди даромади манзилаш дар Маскав вақте кушта шуд, ки халтаи харидҳояш дар даст аз мошин берун мешуд. Ӯ он замон ҳамагӣ 48 сол дошт.

Тафтишот мегӯяд, туфангчаи бесадо – василаи қатли Политковскаяро ба қотили бевоситаи ӯ Рустам Маҳмудов маҳз Павлюченков дода буд. Рустам Маҳмудов тобистони соли ҷорӣ дар Чеченистон боздошт шуд. Аммо додгоҳ дар соли 2009 ду бародари ӯ – Ҷабраилу Иброҳим ва афсари собиқи пулис Сергей Хоҷақурбоновро, ки низ ба даст доштан дар қатли Политковская айбдор мешуданд, сафед кард.

Анна Ставитская
Тарафдорони Политковская аз боздошти Павлюченков истиқбол мекунанд. Анна Ставитская, вакили мудофеъи хонаводаи Политковская ин боздоштро “гардиши бузург” дар раванди таҳқиқот номид ва гуфт, пайвандони хабарнигор аз хеле пеш бар ин назар буданд, ки Павлюченков худ дар ин куштор даст дорад.

Ин дар ҳолест, ки Павлюченков дар ҷараёни мурофиаи бародарон Маҳмудовҳо дар ду соли пеш ба ҳайси шоҳиди махфӣ бозпурсӣ мешуд. Хонум Ставитская гуфт, бояд акнун таваҷҷӯҳ рӯи ин суоли асосӣ қарор бигирад, ки фармоишгари қатли Политковская кист ва ҳадафаш чӣ буд: “Павлюченков агар дар воқеъ ташкилкунандаи ин сӯиқасд бошад, пас ӯ метавонист фармоишгарро ҳам бидонад ва ҳам не. Чунки байни фармоишгар ва ташкилкунанда ягон ҳалқаи дигар ҳам метавонист бошад. Одатан онҳое ки дар иртикоби чунин ҷиноёт боздошт мешаванд, чандон моил ба додани шаҳодатҳое нестанд, ки худи онҳоро низ фош мекунад.”

Вақте Политковская кушта шуд, бисёриҳо ангушти иттиҳом ба сӯи раҳбари рӯ ба Маскави Чеченистон Рамазон Қодиров – як ҳадафи умдаи матолиби интиқодии Политковская - баланд карданд. Вале Қодиров ҳар навъ даст доштанаш дар ин кушторро радд карда, гуфт, “ӯ ҳеҷ гоҳ занонро накуштааст ва намекушад.”

Ҳомиёни ҳуқуқ дар ҳар сурат, нисбат ба эҳтимоли боз шудани исми фармоишгари қатли Анна Политковская зиёд хушбин нестанд ва мегӯянд, мақомоти тафтишотии Русия он қадар зӯри бозу надоранд, ки афроди наздик ба доираҳои ҳукмрон, назири раисиҷумҳури Чеченистон, Рамазон Қодировро ҳадафи таъқиб қарор диҳанд.
XS
SM
MD
LG