Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии 86 навраси тоҷик аз зиндон


86 навраси тоҷик аз муассисаи тарбиявии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятҳо берун омада, шаҳди озодиро чашиданд.

Ин муассиса танҳо маҳбаси наврасон дар кишвар буда, то кунун 90 ноболиғ дар он ҷо адои ҷазо мекарданд. 86 тан аз ин наврасон барои дуздиву ғоратгарӣ ва чаҳор тан ба даст доштан дар куштор
Ҳар як аз ноболиғони раҳошуда мегуфтанд, ки агарчӣ муддати кам ҳам пушти панҷара буданд, аммо нигоҳашон ба зиндагӣ тағйир кардааст...

айбдор шудаанд.

Бахши аъзами наврасоне, ки санади озодиро дарёфтанд, аз хонаводаҳои афроди камбизоат ва серфарзанд буда, дар чанд соли ахир аз таълиму тадрис низ дур мондаанд. Толиб, сокини шаҳри Душанбе, ҳоло 15 сол дорад ва 9 моҳи умри навҷавонияшро пушти милаҳои зиндон паси сар кардааст.

Ӯ мегӯяд, бо ҷурми дуздидани гӯшвор ва гарданбанди тилоӣ равонаи зиндон шуда буд ва ҳоло аз ин амали худ сахт пушаймон аст: "Бо чанд нафари дигар ҷиҳози тилоии ҳамсояро дуздидем ва вақте ӯ ба милиса муроҷиат кард, моро дастгир намуданд. Тило дар хонаамон буд, аммо баъдан оварда ба милиса супоридем."

Ҳамсӯҳбати дигари мо Зайниддин, ки 17 сол дорад, бо ҷурми даст доштан дар дуздӣ 3 сол ҳукми зиндон гирифта буд. Ҳамакнун пас аз як солу 4 моҳ адои ҷазо озод шуд: "Говҳоро дуздидем, се сол гирифтем. Дар ин синну сол зиндон ҷойи мо нест. Аммо аз нофаҳмӣ ин корҳоро кардем."

Дар миёни ноболиғони озодшуда ду шаҳрванди хориҷӣ - Навиди Ёрхум, шаҳрванди Афғонистон ва Азамати Абдурасул, шаҳрванди Қирғизистон низ буданд. Азамати Абдурасул мегӯяд, вақте ба хонаи холааш дар ноҳияи Бобоҷон Ғаффоров рафта буд, даст ба ҷиноят задааст. Ҷурми ӯ ҳам мисли аксари ҳамсолони маҳбусаш, дуздист. Ӯ се сол ҳукми зиндон гирифта буд, вале бахташ баландӣ карду пас аз се моҳи зиндон ба озодӣ баромад.



Азамат мегӯяд, аз иқдоми раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки онҳоро мавриди афв қарор додааст, миннатпазир мебошад. Аммо Навиди Ёрхум, ки ҳоло 16 сол син дорад ва дар 14-солагӣ бо ҷурми таҷовуз ба номуси духтаре зиндонӣ шуд: "Ҳафт сол гирифта будам, баъд аз 1 солу 10 моҳ баромадам. Ман қасди падарамро гирифтам. Падарамро як хонавода бо тӯҳмат зиндонӣ карда буданд."

Дар берун аз маҳбас наврасонро аксаран модарон интизор буданд. Баъзе модарон хомӯшона ашк мерехтанд ва бархеи дигар ҳам аз хушҳолӣ намедонистанд эҳсосоти худро чӣ гуна баён кунанд. Мо бо модари Зайниддин як ноболиғи аз маҳбас озодшуда сӯҳбат кардем. Вай гуфт: "Зиндагӣ душвор, бе падар тарбия кардани онҳо душвортар аст. Говдуздӣ карда буд. Чаҳор фарзанд дорам. Ӯ писари охирини хонавода аст."

Изаттуло Шарифов, масъули умури зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон, дар хитоб ба ноболиғони озодшуда, гуфт "коре кунед, ки ҳеҷ гоҳ ба зиндон барнагардед."

Ҳар як аз ин ноболиғи раҳошуда мегуф, агарчӣ муддати кам ҳам пушти панҷара буданд, аммо зиндагиро аз пушти панҷараи оҳанин диданд ва ҳоло нигоҳашон ба зиндагӣ тағйир кардааст. Онҳо мегуфтанд, ки бовар надоштанд ба ин зудӣ ва он ҳам ба хотири озодӣ ба хотири ҷашни кишвар ба онҳо тақдим мешавад.
XS
SM
MD
LG