Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, ин ҳалокшудагон Мирзомаҳмуд Маҳмудови 50-сола, Ҷӯрабек Мирзоеви 41-сола, Тӯйчибек Абдураҳмонови 22- сола, Амриддин Шонуриддинови 45-сола, Аҳмадбек Худойдодови 45-сола ва Наврӯз Зуҳурови 36-сола будаанд.
Ҷаноби Асадуллоев гуфт, ин афрод ҳангоми тоза кардани дохили қубури партовҳои корхонаи "Кӯҳандиз" аз бӯи ғализи дуди газе, ки аз он ҷо берун меомад, заҳролуд шудаву ҷон бохтаанд.
Ҳамчунин, ба гуфтаи сухангӯи Вазорати умури дохилӣ, Зариф Халифаев, Ҳабибулло Мӯсоев ва Мирзоюсуф Шарипов ва Абдулваҳҳоб Ибодов, ки мехостанд ҳамкорони худро наҷот бидиҳанд, заҳролуд шуда, ба бемористон интиқол ёфтаанд. Вай афзуд, се тани онҳо ҳоло аз беморхона берун омада, вале яке аз онҳо то ҳанӯз бистарист.
Масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки ин фоҷиаро "ҳодисаи нохуш" меноманд, мегӯянд, ки тафтишот дар ин замина идома дорад.
Вале чизе, ки то кунун рӯшан шудааст, ин аст, ки дар ҷасади шаш тани ҳалокшуда аломати марги маҷбурӣ дида намешавад. Дар ҳоли ҳозир ҷасади ин шаш тан барои ташхиси тиббӣ-судӣ ба сардхона супорида шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Мирзомуддин Шамсов, муовини раиси корхонаи коркарди пӯст, мавсум ба "Кӯҳандиз" гуфтааст, онҳоро ба додситонии шаҳри Душанбе даъват кардаанд, то асли ин қазияро бифаҳманд.