Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии нахустин гурӯҳи зиндониён аз маҳбас


112 зан аз маҳбаси занонаи шаҳри Норак озод шуданд. 23-юми августи соли 2011
112 зан аз маҳбаси занонаи шаҳри Норак озод шуданд. 23-юми августи соли 2011

Рӯзи 23-юми август, дар нахустин рӯзи иҷрои Қонуни афв, 112 зан, аз он ҷумла 12 шаҳрванди хориҷӣ озод шуданд.

Фазои зиндон олуда ба ҳаяҷон ва шӯру валвала буд. Баробари боз шудани дари оҳанин, зиндониҳои собиқ бе нигоҳе ба ақиб ба берун давиданд. Мисле, ки агар шитоб накунанду худро ба берун накашанд,
Бо озод шудани
112 зан аз маҳбаси занонаи Норак, ҳудудан 138 нафар дар ин муассиса боқӣ мондаанд...

қарори озодӣ метавонад бекор шавад.

Мо баъдан аз сӯҳбат бо занҳои зиндонӣ фаҳмидем, ки чаро онҳо бо ин аҷала мехостанд аз зиндон бадар шаванд. Яке аз ин занҳо гуфт, фоле ҳаст, ки агар зиндонӣ бе нигоҳе ба ақиб давида аз маҳбас берун равад, сарнавишт ӯро аз бозгашти дубора ба ин макон эмин хоҳад дошт.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:34 0:00
Линки мустақим



Ҳамин тавр, мавҷи зиндониҳо ба берун рехт ва бо онҳое, ки дар беруни дар интизор буданд, даромехт. Оғӯшгириву ашкрезиву шукргӯӣ. Ин саҳна ҳамаи моро мутаассир кард. Махсусан, ҳамроҳи
Дар баробари 112 зан, чаҳор тифл, ки дар зиндон дида ба олам кушодаанд, низ раҳо шуданд...
модарҳо аз маҳбас берун шудани чаҳор тифл, ки дар маҳбас ба дунё омада ва аз рӯзи таваллуд маззаи шири ғамолудаи модарро дар зиндон чашидаанд.

Дар ин саҳна медидем, ки як зиндонии собиқро якбора чаҳор нафар аз наздиконаш ба оғӯш мегирифтанду мегиристанд. Ҳамчунин, медидем, ки чандин нафари дигарро касе истиқбол накард ва онҳо бо сари хам ва борхалта дар даст танҳо ба сӯи нақлиёте, ки онҳоро то манзил бояд мерасонд, раҳсипор шуданд.

Яке аз озодшудаҳо ситораи эстрадаи тоҷик, Фарзонаи Хуршед низ буд. Фарзонаро хоҳараш, овозхони шинохта Шабнами Сурайё, истиқбол гирифт. Фарзона баробари берун шудан аз зиндон заминро бӯсид, ангор, ки рӯи озодиро мебӯсид.

"Гӯиё, ки нав аз модар таваллуд шудам, шукр мегӯям ба озодӣ ва ба ин рӯз. Ташаккур, ба раисиҷумҳур, ки моро ба ин рӯз расонид ва ҳатман, ки рӯйи саҳна назди мухлисон бармегардам.
Фарзонаи Хуршед
Ман аз муносибат бо зиндониён хело миннатдорам",-гуфт ӯ.
Синни занони аз зиндон раҳошуда мухталиф аст. Дар миёни 112 нафар, духтарони ҷавон ҳам зиёд ба чашм мерасиданд. Аксари онҳо бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ва дуздиву фиребгарӣ зиндонӣ буданд.

Ҳамсӯҳбати мо, Мавзуна, ки ҳоло 20 сол дорад ба ҷурми дуздӣ ҳукми зиндон гирифта буд. Ӯ 6 моҳи мӯҳлати ҷазоро дар боздошгоҳ ва 3 моҳи дигарро дар маҳбасхона сипарӣ кардааст. Мавзуна мегӯяд, ҳамроҳ бо дугонааш телефони дастӣ дуздида буд: "Бо дугонаам телефон дуздидем. Ман ҳамаи гуноҳро ба гардан гирифтам, ки вай ба зиндон наафтад. Маҳбус будан душвор аст. Дур аз падару модар, ҳамсолон ёру дӯстон... Талош мекунам, ки амалро дигар такрор накунам..."

Ҳамсуҳбати дигари мо - Заррина, ки тифли 8 моҳ дорад, бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуд. Ӯ мегӯяд, то даме ки ҷон дар бадан дорад, заҷри маҳбасро фаромӯш нахоҳад кард. Заррина мегӯяд, дурӣ аз фарзанду падару модар барояш сахттарин ҷазо дар ин дунё будааст.

Афроди озодшуда ин қадар сархуши нашъаи озодӣ буданд, ки дар замин ё осмон будани худро эҳсос намекарданд. Онҳо ҳоло намедонанд, ки дар оянда чӣ кор хоҳанд кард. Паёмади сангини маҳрумият аз озодӣ ба равони онҳо чӣ гуна хоҳад буд? Онҳо ҷодаи ҷиноятро ба куллӣ аз хотирашон зудуда кардаанд ва ё дубора ба ин макон бармегарданд? Ҷомеа, ҳаққу ҳамсоя онҳоро чӣ гуна қабул хоҳад кард?

Маҳбаси занона дар шаҳри Норак
Аксари ин занон мегуфтанд, муҳимтарин арзиш барояшон озодӣ буд, ки дарёфт карданд, дигар ҳамааш хуб хоҳад шуд. Аммо ба гуфтаи масъулини сардори Раёсати корҳои ислоҳӣ, аз соли 2006 то ба 2009, 49 нафар зани маҳбус баъд аз раҳоӣ аз зиндон дигарбора ҷиноят содир карда ва ба маҳбаси занона баргаштаанд.

Изаттуло Шарифов, сардори Раёсати корҳои ислоҳӣ дар Вазорати адлияи Тоҷикистон, ба дунболи эълони озодии занон ба онҳо гуфт, ки "дар ҳаёт боэҳтиёт бошанд, то дигарбора пушти милаҳои зиндон наафтанд. Ба қадри озодӣ бирасанд."

Зиндони Норак танҳо зиндони занона дар Тоҷикистон аст, ки беш аз 250 маҳбус дошт. Бо озод шудани 112 зан ҳудудан 138 нафари дгар дар ин муассиса боқӣ мондаанд, ки ҷиноятҳои вазнинеро аз қабили куштор содир кардаанд.
XS
SM
MD
LG