Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари додситони кулли пешин 7 сол гирифт


Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли пешини Тоҷикистон, ки ҳоло бознишаст аст...
Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли пешини Тоҷикистон, ки ҳоло бознишаст аст...

Додгоҳи олии Тоҷикистон писари Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулро ба 7 соли зиндон маҳкум кард.

Додгоҳи олии Тоҷикистон, Файзулло Бобохоновро аз рӯйи 6 банди қонуни кайфарии Тоҷикистон дар як силсила ҷурм, аз ҷумла сӯистифода аз мансаб, ришваситонӣ, тамаъҷӯӣ ва тақаллуб айбдор донист.

Писари додситони кулли пешин Бобоҷон Бобохонов дар ҳоле ба 7 соли зиндон маҳкум шуд, ки дар Тоҷикистон Қонуни афв ба муносибати 20-умин солгарди истиқлолияти кишвар ба ҳукми иҷро даромада, аввалин гурӯҳи маҳбусон ва афроди мавриди таҳқиқи ҷиноӣ афв ва озод мешаванд.

Аммо вакилони ҳуқуқии Файзулло Бобохонов мегӯянд, ҳукми охир гумон аст, ба меъёрҳои Қонуни афв мутобиқ ояд. Файзулло Бобохонов соли гузашта пас аз он боздошт шуд, ки падараш аз мақоми додситони кулли Тоҷикистон барканор гашт.

Дар айбномаи ӯ гуфта шуд, ки ҷиноятҳои ҷаноби Бобохонов замони муовини додситони ноҳияи Шоҳмансур ва додситони ноҳияи Ҳисор буданаш содир шудаанд. Писари собиқ додситони кулл дар харидуфурӯши ғайриқонунии замин, аз ҷумла дар деҳаи Якуми Майи ҷамоати Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ низ масъул дониста мешавад. Ба иддаои додситонӣ, Бобохонов дар ҳамдастӣ бо ронандаи падараш, ки додситони кул буд, тариқи асноди ҷаълӣ ё тақаллубӣ ба заминфурӯшӣ машғул будааст.

Дар муҳокимаи додгоҳӣ айбдоркунандаи давлатӣ аз ҷумла зикр мекард, ки як қатор ҷиноятҳоро Бобохонов бо истифода аз ному мақоми падараш - собиқ додситони кулл содир намудааст. Дар мурофиаи додгоҳӣ, ки ба таври боз баргузор шуд, падараш Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли Тоҷикистон низ ширкат дошт.

Файзулло Бобохонов, молу мулки зиёд аз ҷумла чаҳор хона ва се мошини гаронқиммат доштааст, ки бо қарори мақомот муомилот бо ҳамаи ин амвол муттавақиф шудааст.
XS
SM
MD
LG