Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи Туркия аз натиҷаҳои амалиёт дар Ироқ


Артиши Туркия эълом кард, ки дар амалиёт алайҳи пойгоҳҳои ҷудоихоҳони курд дар шимоли Ироқ, бештар аз 100 нафари онҳоро куштааст. Дар баёнияи расмии артиш омадааст, дар ҷараёни шаш рӯзи амалиёти ҳавоӣ, 130 камингоҳ ва паноҳгоҳҳои ҷудоихоҳонро ҳадаф гирифтаанд. Баъди қатли 8 сарбози турк аз тарафи аъзои Ҳизби Коргарии Курдистон, артиши Туркия рӯзи чаҳоршанбеи гузашта баъд аз як соли таввақуф, амалиётро алайҳи онҳо аз сар гирифт. Ҳизби Коргарии Курдистон соли 1984 ба муборизаи мусаллаҳона алайҳи артиши Туркия бархост ва аз он замон то кунун дар ин муноқиша 45 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG