Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия


Мақомоти Русия мегӯянд, як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки барои ҷиноятҳои сангин дар ватанаш ҷустӯҷу мешуд, дастгир кардаанд. Ба гузориши хабаргузории “Интерфакс”, фарди мазкур, ки ҳуввияташ ошкор нашудааст, дар Тоҷикистон ба “бандитизм” муттаҳам мешавад ва 14 сол боз аз тарафи мақомоти интизомӣ ҷустӯҷу мешуд. Шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи тақаллубии шаҳрванди Қирғизистонро доштааст ва ҳоло масъалаи истирдоди ӯ ба Душанбе баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG