Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Башор Асад тақозо карданд, ки биравад


Башор Асад
Башор Асад
Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо тақозо карданд, ки дар Сурия фаъолияти режими Башор Асад хотима ёбад ва вай бояд биравад, зеро кушторҳо ва маҳрумиятҳои режим ба тазоҳуркунандагон зарба мезанад. Чунин тақозои ҳамоҳангшудаи Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ва раҳбарони Британияву Фаронса ва Олмон дар ҳоле садо додааст, ки Невӣ Пилай-комиссари олии ҳуқуқи башари СММ гуфт, ки имкон дорад режим дар ҷараёни саркӯбии тазоҳурот бар зидди башарият ҷиноят содир карда бошад ва вай аз Шӯрои Амнияти СММ хостааст, ки ин режимро ба Додгоҳи байналмиллалии ҷурму ҷиноёт супоранд.
XS
SM
MD
LG