Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Страусс-Канро дар ин ҳафта шояд "сафед" кунанд


Додситонии Амрико, бино ба хабарҳо, шояд дар ҳамин ҳафта иттиҳоми алайҳи мудири собиқи Сандуқи байналмилалии пул Доминик Страусс-Канро, ки ба қасди таҷовуз ба номуси як хидматкори меҳмонхона айбдор мешуд, лағв кунад. Рӯзномаи “Ню-Йорк Пост” аз қавли манобеъи наздик ба додситонҳо навишт, додситони Манҳеттен Сирус Ванс ба натиҷае расида, ки ин иттиҳомот ба далели шубҳаҳои қобили мулоҳиза собитношуданист ва рӯзи сешанбе аз қозии додгоҳ лағви ин иттиҳомотро дархост хоҳад кард. Нафисат Диалло, ки Страусс-Канро ба қасди таҷовуз ба номусаш дар таърихи 14 май айбдор мекард, имрӯз ба додситонӣ даъват шудааст. Додситонҳо аз ташреҳи ин хабар худдорӣ кардаанд. Страусс-Кан дар пайи ин ҷанҷол курсии раёсати Сандуқи пулро аз даст дод.
XS
SM
MD
LG