Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯришиён мегӯянд, ба Троблус ворид шудаанд


Шӯришиёни зидди раҳбари дарозмуддати Либия, Муаммар Қаззофӣ имрӯз эълом доштанд, ки як бахш аз пойтахти кишварро аз зери назорат гирифтанд, аммо мақомоти давлат мегӯянд, аз пуштибонии сокинони Троблус бархӯрдоранд. Хабарҳои тазодомез ғайриқобили озмоишанд, аммо мақомоти НАТО имрӯз ҳушдор доданд, ки бо сабаби пешрафти зуди хатти ҷабҳа зарбаҳои ҳавоии онҳо ба ҳадафҳо мушкил шудааст. Агар ҳузури шӯришиён дар Троблус тасдиқ шавад, ин мумкин аст, аломати тағйири ҳалкунанда дар низои хунини чандмоҳа бошад. Вале Қаззофӣ дар паёми аудиоияш, ки дар телевизиони давлатӣ пахш гашт, ба либиёиҳо табрик гуфт, ки ончиро вай “каломушҳо” номид, маҳв кардаанд. Писари ӯ Сайф-ул-Ислом дар як паём аз тариқи телевизиони давлатии Либия гуфт, ҳукумат ҳаргиз ақиб нахоҳад нишаст:

“Масъалаи таслим ё парчами сафед чизе нест, ки ҳама кас дар борааш ҳарф занад. Зеро он рад шудааст ва ин тасмими Муаммар Қаззофӣ ё Сайф-ул-Ислом нест, ин тасмими мардуми Либия аст."
XS
SM
MD
LG