Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи “Парасту” дар Хуҷанд


Мусобиқаи байнулмилалии “Парасту”, ки таҳти сарпарастии ФИФА, Иттиҳодияи ҷаҳонии футбол, миёни наврасони то 12-сола дар шаҳри Хуҷанд шурӯъ шуд, то рӯзи 25-уми август идома хоҳад кард. Дар ин мусобиқа се даста аз Тоҷикистон, инчунин, тимҳои мунтахаби бачагонаи Қирғизистон ва Чин ширкат доранд. Бозиҳо аз рӯи системи даврӣ дар як марҳала баргузор мешаванд. Дар ҷараёни баргузории ин мусобиқа, ҳамчунин, давраи бозомӯзии минтақавӣ бо роҳбарии мутахассисони варзида Александр Чернуха (Беларус) ва Усмон Тошев (Узбакистон) барои мураббиёне, ки бачагони то 12-соларо машқ медиҳанд, доир мешавад.
XS
SM
MD
LG