Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди афсари УБОП: "Шуморо аз байн мебарам"


Абдураҳмон Шарифов (чап) ва Шӯҳрат Қудратов
Абдураҳмон Шарифов (чап) ва Шӯҳрат Қудратов

Валихон Муллоев ба ду вакили мудофеи "Азия-Плюс" таҳдид карда ва гуфтааст, ки онҳоро "аз байн мебарад".

Шӯҳрат Қудратов, яке аз ду вакили дифои "Азия-Плюс" ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 17-уми август дар толори додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе полковник Валихон Муллоев - афсари Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ӯ ва ҳамроҳашро ба марг таҳдид кардааст.

Ҷаноби Қудратов мегӯяд, ӯ ва Абдураҳмон Шарифов дар толор интизори оғози мурофиаи додгоҳӣ будаанд, ки Валихон Муллоев ба онҳо наздик шуда ва таҳдидомез гуфтааст: "Шумо душманони ниҳодҳои пулис ҳастед, ман шахсан ба пешонии Шумо тир холӣ мекардам. Ман бо ҳар роҳу васила Шуморо аз байн мебарам".

Валихон Муллоев намояндаи Анвар Тағоймуродов, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон дар мурофиаи додгоҳии нашрияи "Азия-Плюс" дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ будааст.

Вакилони мудофеъ мегӯянд, Валихон Муллоев ин таҳдидро чанд бор такрор кардааст ва шоҳидон ҳам ин ҳарфҳоро шунидаанд. Шӯҳрат Қудратов ва Абдураҳмон Шарифов, ду вакили дифои “Азия-Плюс” ба Додситонии кулли Тоҷикистон муроҷиат ва дархост кардаанд, ки таҳдиди Алихон Муллоевро ҷиддӣ бигирад, зеро вай ба аслиҳа дастрасӣ дорад ва имкони аз байн бурдани ин ду вакили мудофеъ метавонад воқеӣ бошад.

Ҳоло дар Душанбе мурофиаи додгоҳии нашрияи “Азия-Плюс” бо Анвар Тағоймуродов, сардори пешини Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта ва ҳоло муовини вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон идома дорад.

Анвар Тағоймуродов, сардори пешини Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД нашрияи "Азия-Плюс" ва муаллифи мақола -- Рамзия Мирзобековаро барои паст задани шаъну шараф ба додгоҳ кашида ва 1 миллион сомонӣ ҷуброн хостааст.

Дар мурофиаи додгоҳие, ки рӯзи 15-уми августи соли ҷорӣ доир шуд, ҷонибҳо хостори расидан ба созиш шуданд. Масъулони нашрияи "Азия-Плюс" ин пешниҳодро ҷонибдорӣ карданд, вале гуфтанд, ба хотире ба ин созиш розиянд, ки агар ҷониби даъвогар ягон шарти худро дар миён нагузорад.

Аммо ҷониби даъвогар мегӯяд, пас аз расидан ба созиш, нашрия бояд ягон раддияе ба нашр бирасонад. Барои мисол, бинависад, ки баъзе аз факту далелҳои овардааш нодуруст ё ин ки бармаҳал будаанд.

Масъулони "Азия-Плюс" ба ин шарт ризо нашуда ва гуфтанд, ки агар ҷониби даъвогар худ ягон номае дар ин бора ба нашрия фиристад, онро чоп мекунанд, аммо худ ягон гуна раддия нахоҳанд навишт.

Дар ин мурофиа, ки имрӯз, 18-уми август дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ идома хоҳад кард, намояндагони матбуот ва созмонҳои мухталифи байналмилалии ҳуқуқи башар ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG