Пайвандҳои дастрасӣ

Михаил Горбачёв гуфт, Русия ба ақиб меравад


Михаил Горбачёв
Дирӯз Михаил Горбачёв-охирин раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳукумати Русия интиқод кард, ки кишварро ба ақиб кашондаанд ва Русия ба интихоботи озоду раҳбарони нав ниёз дорад. Горбачёв ин суханонро дар як нишасти хабарӣ дар Маскав дар остонаи 20-ӯмин солгарди ГКЧП изҳор дошт. ГКЧП-и 19-августи соли 1991 сабаби аз мақом барканор шудани Горбачёв ва фурӯпошии Шӯравӣ шуд. Вай аз ҳизби Русияи Воҳид, ки раҳбарии онро нахуствазир Владимир Путин бар ӯҳда дорад, интиқод кард ва гуфт, ин ҳизб намунаи бади Ҳизби Куммунисти замони Шӯравӣ мебошад. Горбачёв хост, ки дар зинаҳои болоии раҳбарияти Русия тағирот ояд:

“Ман фикр мекунам, ки дар зинаҳои болиии ҳукумат бояд навоварӣ ба вуҷуд ояд. Ин ақидаи ман аст ва писанд намеояд. Вале гӯш кунед, ин чӣ бадӣ дорад? Мо ин корро дар давраи перестройка ҷорӣ кардем. Ду навбат ва тамом”.

Вале Горбачёв аз интиқоди мустақими Путин худдороӣ кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG