Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Режими Башор Асадро ба додгоҳи байналмиллалӣ мекашанд?


Невӣ Пиллай
Невӣ Пиллай
Бино ба гузоришҳо, зоҳиран раиси ҳуқуқи башари СММ аз Шӯрои Амният хоҳад хост, ки режими Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурияро барои расидагӣ ба кушторҳо ба Додгоҳи байналмиллалии ҷурму ҷиноёт кашонад. Ба нақша гирифта шудааст, ки имрӯз Невӣ Пиллай-кумиссари олии ҳуқуқи башари СММ паси дарҳои баста Шӯрои Амниятро аз вазъи Сурия огаҳ кунад. Баъзе намояндагони СММ мегӯянд, интизор меравад, ки хонум Пиллай баъзе намунаҳоро пешкаш кунад, ки нишондиҳандаи нақзи маргбори ҳуқуқи башар дар Сурия аз тарафи режими Башор Асад мебошад.
XS
SM
MD
LG