Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо аз Тоҷикистон ба тавсияи Бонки Ҷаҳонӣ


Рӯдхонаи Вахш
Рӯдхонаи Вахш

Коршиносони тоҷик тавсияи Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди Роғунро "фишори сиёсӣ" ба Тоҷикистон мехонанд.

Ахиран Бонки Ҷаҳонӣ ба давлати Тоҷикистон тавсия дод, ки аз бастани маҷрои рӯдхонаи Вахш барои сохтмони марҳалаи аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун худдорӣ кунад.

Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон дар сохтмони нерӯгоҳи азими Роғун ба ҳимояти Бонки Ҷаҳонӣ умед баста буд. Ҳукумати Тоҷикистон тасмим дошт, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ бастани маҷрои рӯдхонаи Вахшро оғоз кунад.

Пӯлод Муҳиддинов, муовини вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон
Пӯлод Муҳиддинов, муовини авали вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт: "Дар ҳоли ҳозир дар ин бора чизе гуфта наметавонам. Ба ин далел, ки ҳанӯз баҳсу баррасиҳо идома дорад."

Аммо Шодӣ Шабдолов, узви Кумитаи энержӣ ва саноати Маҷлиси намояндагон мегӯяд, Тоҷикистон бояд алорағми назари гурӯҳи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, ки ғолибан кори онҳо ба сиёсати минтақа гиреҳ хӯрдааст, ба сохтмони нерӯгоҳ идома бидиҳад.

Ҷаноби Шабдолов афзуд: "Пас аз чанд сол аз обанбори Норак чӣ мемонад, дар ҳоле ки он пури лойқа мешавад. Ҳамин тавр, силсиланерӯгоҳҳои дигар аз Норак сар карда то Шар-Шар иқтидорашонро аз даст медиҳанд. Зеро обанбори Роғун сарчашмаи аслии таъмини оби нерӯгоҳҳои дигар хоҳад буд. Дар гузашта ин таҳлилҳо анҷом шуда буд. Агар Тоҷикистон нерӯи
Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби коммунист ва узви порлумони Тоҷикистон

барқ мехост дар он сурат нерӯгоҳи Даштиҷум бунёд мекард, ки тавонаш аз Роғун бештар буд. Вале ҳадаф аз сохтмони Роғун аз даст надодани иқтидори дигар нерӯгоҳҳост ва мо ҳақ надорем, ки сохтмони ин нерӯгоҳро ба таъвиқ андозем."

Шодӣ Шабдолов пешниҳод ё иқдоми коршиносони байналмилалиро, ки ба ибтикори Бонки Ҷаҳонӣ ташкил шудааст, як навъ фишори сиёсӣ ба Тоҷикистон хонд. Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон низ ба ҳамин назар аст.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00
Линки мустақим


Вай мегӯяд, "мо ҳақ дорем, ки то тамомшавии экспертиза сатҳи обанбори ин нерӯгоҳро то 40 метр бисозем. Соли 1993 ин садди сохтаро сел шуста буд. Дар сурате, ки мардуми Тоҷикистон бо хариди саҳмияҳои худ дар сохтмони ин нерӯгоҳ алоқамандӣ нишон додаанд, давлат ҳаққи маънавӣ надорад, ки сохтмонро қатъ кунад."

Абдулғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон
Рӯзи душанбе сафари даҳрӯзаи гурӯҳи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон хотима ёфт. Дар ҷараёни боздид гурӯҳ аз макони сохтмони нерӯгоҳи Роғун, нерӯгоҳи барқи обии Норак ва рӯди Вахш боздид кард.

Ин гурӯҳ ба хулосае омадааст, ки фавран шурӯъ намудани марҳилаи аввали сохтмони нерӯгоҳи Роғун, яъне садди 120-метрӣ айни муддао нахоҳад буд, зеро дар ҳоли ҳозир маводи таҳшиншаванда (гилу лой) дар оби рӯди Вахш хеле зиёд аст.

Ба илова, кӯчонидани мардум аз маҳалли зист, ки то ба ҳол бархеҳо норозӣ ҳастанд, мувофиқи мақсад нест. Ба қавли коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ба истилоҳ экпертизаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва зистмуҳитии сарбанди Роғун дар муддати аз 6 то 8 моҳ гузаронида мешавад ва натиҷаҳои он дар нимаи аввали соли 2012-ум пешкаши аҳли ҷомеа хоҳад шуд. Тоҷикистон тасмим дорад, ки сарбанди Роғунро то 335 метр бардорад.
XS
SM
MD
LG