Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Transparency International: ФИФА бояд фасодро аз байн барад


Созмони Transparency International ё Шаффофияти байнулмилал изҳор намуд, ки ФИФА, Федератсиони байнулмилалии футбол, барои аз байн бурдани фасод дар сафҳои худ аз чораҳои кофӣ кор намегирад.

Дар гузориши ин созмони ғайриҳукуматӣ аз ФИФА даъват шудааст, ки ҳама шакку шубҳаҳо дар мавриди даст доштани ҳам мансабдорони федератсион ва ҳам мақомоти бархе давлатҳо дар фасод дар футболро тафтиш кунад.

Чанде пеш комиссиюни одобу ахлоқи ФИФА дар баробари 16 мансабдори соҳаи футбол аз ҳавзаи Кариб тафтишотро шурӯъ намуд. Онҳо дар ришваситонӣ ба ивази раъйдиҳӣ ҳангоми интихоботи раиси нави федератсион гумонбар мешаванд.
XS
SM
MD
LG