Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

83 нафар довталаби курсии раисиҷумҳури Қирғизистонанд


Комиссиюни марказии интихоботии Қирғизистон хабар дод, ки то имрӯз 83 нафар довталаби курсии раисиҷумҳур шудаанд. Аз миёни онҳо фақат 16 нафар – номзадҳои аҳзоби сиёсии кишваранд. Пешбарии номзадҳо дирӯз поён ёфт.

Акнун ҳар номзад бояд дасти кам 30 ҳазор имзои ҷонибдоронашро ҷамъ оварда, 100 ҳазор сом (муодили 2239 доллари амрикоӣ), гаравпулӣ пардохт намояд. Довлатабон барои сабти ном шудан бояд аз санҷиши забони давлатӣ, ки аз тариқи телевизион мустақиман пахш мешавад, низ гузаранд.

Гуфта мешавад, ки барои пирӯзӣ се номзад – нахуствазир ва раиси ҳизби сотсиал-демократӣ Алмосбек Отамбоев, раиси ҳизби миллатгарои “Ота Журт” Қамчибек Тошиев ва раҳбари ҳизби “Ота Макон” Омурбек Текебоев шонси бештар доранд.

Интихоботи президентии рӯзи 30 октябр – нахустин интихоботи сарвари давлат баъд аз ошӯби моҳи апрели соли гузашта аст, ки бар асари он раисиҷумҳури пешин Қурмонбек Боқиев аз Қирғизистон фирор кард.

"Инқилоби лолагӣ" дар Қирғизистон низоъи мусаллаҳонаи қавмӣ миёни қирғизҳову узбакҳо дар ҷануби кишварро ҳам ба думбол дошт.
XS
SM
MD
LG