Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори Фарғонаро дар Узбакистон барканор карданд


Шаҳрдори Фарғонаи Узбакистон аз мақомаш барканор шудааст. Дар бораи сабабҳои барканории шаҳрдор Эркин Нуралиев чизе гуфта намешавад. Ба ҷои вай Отабек Мансуров иҷрокунандаи мақоми шаҳрдор таин шудааст. Сомонаҳои интернетии мухолифон навиштаанд, ки шаҳрдор Нуралив бидуни иҷозаи ҳукумати марказӣ дастур додааст, ки биноҳоро дар шаҳр хароб кунанд ва ба ҷои он биноҳои нав созанд. Фарғона тақрибан 215 000 аҳолӣ дорад ва дар 25 километрии марз бо Қирғизистон ҷой гирифтааст.
XS
SM
MD
LG