Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯришиён музокира бо намояндагони Қаззофиро рад карданд


Шӯришиёни Либия инкор кардаанд, ки онҳо бо намояндагони режими Муаммар Қаззофӣ ба музокира нанишастаанд. СММ низ инкор кардааст ва гуфтааст, Абдуллоҳ Хатиб-фиристодаи вижаи онҳо барои Либия дар Тунис дар музокироти намояндагони Қаззофӣ ва шӯришиён ширкат надорад. Ин суханон баъд аз он сари забонҳо омад, ки Хатиб изҳори омодагӣ кард, ки дар чунин музокирот ширкат хоҳад ҷуст. Фарҳон Ҳақ-муовини сухангӯи СММ гуфт, ки ин созмон дар бораи баргузории чунин музокирот миёни намояндагони режими Қаззофӣ ва шӯришиён маълумоте дар ихтиёр надорад. Вай гуфт, Хатиб “дар чунин музокирот ширкат надорад”. Вале вай афзуд, ки Хатиб рӯзи душанбе бо мақомоти расмии Тунис гуфтугӯ кардааст. Ҳамзамон мақомоти Миср хабар додаанд, ки Наср ал Мабрук Абдулло-вазири корҳои дохилаи Либия режими Қаззофиро тарк кардааст ва бо аъзои хонаводааш ба Қоҳира омадааст.
XS
SM
MD
LG