Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисон корхонаҳоро хусусӣ кардаанд?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран аз фаъол набудани корхонаҳои хусусишуда дар бархе аз манотиқи кишвар интиқод кард ва ба соҳибони ин корхонаҳо ҳушдор дод, ки дар сурати мавриди истифода қарор надодан, ин корхонаҳо дубора аз сӯи давлат пас гирифта хоҳанд шуд.

Ин дар ҳолест, ки аз ҳудуди 16 ҳазор корхонаи хусусишуда беш аз 1 ҳазору 100 корхона фаъолият намекунад.
Чанд корхонаи моҳипарвариро Амонуллои Ҳукуматулло, раиси Идораи Роҳи Оҳани Тоҷикистон хусусӣ кардааст, ки аз моҳипарварӣ мондаанд...


Корхонаи таҷрубавии таъмири мошинҳои рақами 5-и Душанбешаҳр аз ҷумлаи корхонаҳои зарурӣ ва сердаромад дар гузашта буд. Ҳоло як бахши кӯчаки ин корхонаи азимро, ки хусусӣ шудааст, чанд усто ба иҷора гирифта, ба тахмири мошинҳои сабукрав машғуланд.

Ба гуфтаи ин устоҳо, соҳиби ин корхона Сайдулло Хайруллоев, раиси пешини Маҷлиси Намояндагон аст. Ин дар ҳолест, ки дар ҳоли ҳозир низ дар Тоҷикистон тамғаҳои гуногуни автобусҳо фаъол аст ва ба таъмир ниёз дорад.

Ҷонмуҳаммад Холов, раиси собиқи яке аз корхонаҳои таъмири мошинҳо дар Душанбе дар ин бора гуфт: "Корхонаи ДО АРЗ
корхонаи таҷрубавии махсусе буд, ки ба таъмири автобусҳо ихтисос дошт. Баъдан, ба иловаи таъмири автобусҳои тамғаҳои ПАЗ—КАЗ, ба таъмири автобусҳои Икарус махсус гардонда шуд."

Дар гузашта дар Тоҷикистон се корхонаи бузурги таъмири мошинҳои сабукрав, мошинҳои ЗИЛ ва автобусҳо фаъол буд. Ҳоло корхонаи бузурги таъмири мошинҳои ЗИЛ корхонаи шахсии Тоҷиддин Пиров, раиси «Тоҷиксодиротбонк» аст, ки то андозае ба таъмири комбайнҳо машғул аст. Ин ду корхонаро барои мисол матраҳ кардем. Дар ҳоле ки теъдоди чунин корхонаҳое, ки хусусӣ шудаанду бо зарфияти комил кор намекунанд ба 14 ҳазор мерасад.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:43 0:00
Линки мустақим


Мисоли дигар корхонаи бузурги яхчол (яхдон)-созии Помир шуда метавонад. Ин корхона ҳоло ба як сехи кӯчаке табдил шудааст, ки ба таъмири кондитсионерҳои мошинҳои сабукрав машғул аст. Корхонаи нассоҷии шаҳри Душанбе, ки дар гузашта бо номи «Текстилкомбинат» машҳур буд, дар се баст беш аз 14 ҳазор коргар кор мекард. Ҳоло ҳаҷми кори ин корхона ба маротиб маҳдуд шудааст. Дар ҳоле ки имкони бо зарфияти комил кор кардани ин корхона вуҷуд дорад.

Амонуллои Ҳукуматулло, раиси Идораи Роҳи Оҳани Тоҷикистон
Ба гуфтаи соҳибназарон чанд корхонаи моҳипарвариро Амонуллои Ҳукуматулло, раиси Идораи Роҳи Оҳани Тоҷикистон хусусӣ кардааст, ки аз моҳипарварӣ мондаанд. Ба гуфтаи ҳамин соҳибназарон ин корхонаҳо дар гузашта хеле арзон хусусӣ шуда буданд ва давлат интизор дошт, ки ин корхонаҳо мисли пешин фаъол хоҳанд шуд.

Ба ҳамин далел буд, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни сафараш ба вилояти Хатлон дар мулоқот бо фаъолони ин минтақа гуфт, корхонаҳое, ки дар гузашта хусусӣ шудаву ҳоло фаъол нестанд ва ё бо зарфияти комил кор намекунанд, аз соҳибонаш гирифта хоҳад шуд.

Исмоил Талбаков, намояндаи порлумон аз Ҳизби коммунист дар гуфтугӯ бо «Озодӣ» гуфт, ин пешниҳоди ҲК аст ва ҳоло дар ин бора иқдомот сурат гирфтааст. Вай афзуд, «дар таҳияи қонунҳои ҷадид амри дубора давлатӣ кардани корхонаҳои хусусишударо инъикос мекунем. Корхонаҳое, ки хусусӣ шудаанду босамар кор
Исмоил Талбаков, намояндаи Ҳизби коммунист дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон
намекунанд ва ё аз кор мондаанд дубора давлатӣ мешаванд ва ё аз сари нав ба фурӯш гузошта хоҳанд шуд, то ба давлат фоида биоранд.»

Бино ба иттилои Оҷонси омори назди президенти Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар ҷумҳурӣ 22 ҳазору 263 корхона дар қайди давлат аст. Аз ин ҳисоб 16 ҳазору 574 корхона хусусӣ шудааст. Аз корхонаҳои хусусишуда ҳудуди 15 ҳазору 400 корхона то ҷое фаъол аст, аммо ҳудуди 1 ҳазору 100 корхонаи дигар умуман кор намекунад. Ин дар ҳолест, ки раванди хусусигардонӣ дар ҳоли ҳозир идома дорад ва дар нимсолаи соли ҷорӣ аз ҳисоби хусусигардонӣ 17,2 миллион сомонӣ ба дуҷаи давлат ворид шудааст.

Ба ин далел бархе аз коршиносон ин иқдоми давлат дар бораи бознигарӣ дар равҷнади хусусигардониро як навъ роҳи пур кардани даромади буҷа дар оянда медонанд. Вале бархе дигар аз таҳлилгарон аз ин иқдоми давлат истиқбол карда ва гуфтаанд, ки ин бознигарӣ метавонад ба дубора фаъол шудани корхона ва рушди иқтисоди ҷумҳурӣ таккони ҷиддие бидиҳад.
XS
SM
MD
LG