Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Боку ҳомиёни ҳуқуқ бе дафтари корӣ гузоштанд


Мақомоти шаҳри Боку, дафтари як гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи инсон дар Озарбойҷонро хароб карданд, ки ин кори онҳоро Иттиҳодияи Аврупо ва Дидбони ҳуқуқи башар маҳкум карданд. Ба гузориши бахши озарии Радиои Озодӣ, дафтари Пажӯҳишгоҳи сулҳ ва демократия рӯзи панҷшанбе зери назари маъмурони пулис вайрон карда шуд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ин маҳалли шаҳр бар асоси барнома навсозӣ мешавад. Намояндагони Дидбони ҳуқуқи башар ва Иттиҳодияи Аврупо дар Озарбойҷон, вайрон каррдани қароргоҳи ҳомиёни ҳуқуқ ва маркази кӯмак ба занҳои осебдидаро маҳкум намуда, гуфтанд ин паёми баде барои мардуми Озарбойҷон аст.
XS
SM
MD
LG