Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Остона рафт


Раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар нишасти сарони Паймони амниятии дастаҷамъӣ ба Остона рафт.

Қарор аст имрӯз, 12-уми август, дар пойтахти Қазоқистон нишасти сарони ин паймон баргузор ва дар он масъалаҳои марбут ба Осиёи Марказӣ, вазъи Афғонистон ва нооромиҳо дар Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ баррасӣ шаванд.

Дар ҳамоиши ғайрирасмӣ раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев, ва ҳамтоёни ӯ аз Арманистон, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат хоҳанд кард.

Дабири кулли паймон, Николай Бордюжа хабар додааст, ки раисиҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов, дар ин нишаст ширкат нахоҳад кард.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро мушовири давлатӣ дар умури сиёсати хориҷӣ -- Эркин Раҳматуллоев ва дигарон ҳамроҳӣ мекунад. Дар назар аст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон бо иддае аз ҳамтоёнаш дидору гуфтугӯ дошта бошад.

СПАД дар чаҳор соли пеш дар заминаи Паймони амнияти дастаҷамъии кишварҳои узви ҷомеаи Муштаракулманофеъ таъсис шуд. Паймони амнияти дастаҷамъӣ соли 1993 миёни бархе аз кишварҳои шӯравии пешин дар Тошканд ба имзо расида буд. Аммо дар соли 1998 Узбакистон аввалин кишваре буд, ки Паймони амнияти дастаҷамъиро тарк намуд.

Аммо дар соли 2005 ба дунболи ҳаводиси Андиҷони Узбакистон, ки садҳо нафар кушта шуд ва равобити Узбакистон бо Ғарб тира гашт, Тошканд дубора ба канори Маскав наздик шуд ва ҳамин тавр Узбакистон бори дигар узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ шуд.

Аммо муносибати Тошканд бо ин Паймон, ки акнун ба Созмон табдил шудааст, ҳамеша ноҳамгун буда ва Узбакистон мехоҳад шароити ҳузури худ дар СПАД-ро амалӣ кунад. Ба ин манзур, Узбакистон аз ширкат дар чандин тарҳи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ зарфи се соли гузашта худдорӣ кардааст. Аз ҷумла Узбакистон ба таъсиси нерӯҳои муштараки вокуниши сареъи СПАД дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар мухолифат кард.

Ба ин тартиб, бо вуҷуди талош ва таку дави Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД ин созмон ҳамчунон як марҳилаи дигаре аз бурузи ихтилофи назар миёни аъзои худро пушти сар мекунад.
XS
SM
MD
LG