Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ораш мегӯяд, "ҳамсадои ман бошед"


Ораш, овозхони эронии муқими Шветсия
Ораш, овозхони эронии муқими Шветсия

Ораш, хонандаи маъруфи эронӣ ба ҳаводоронаш пешниҳод кардааст, ки зери таронаи “Melody” сурудхонии худро филмбардорӣ кунанд.

Баъд аз он, ин навори видеоро ба ӯ фиристанд, то як порча аз видео дар клипи нави оҳанги "Melody" истифода бишавад. Яъне ҳар ҳаводори оҳангҳои Ораш имкон хоҳад дошт, ки на танҳо тамошобин, балки ҳамсадои ӯ ҳам бошад.

Ораш, овозхони эронии муқими Шветсия, дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт: "Аввалан салом ба ҳамаи тоҷикистониён. Умедворам хуб бошед. Хеле дилам танг шуда ва дӯст дорам, ки ба Тоҷикистон биёяму дар Душанбе як барномаи хуберо иҷро бикунам. Оҳанги ҷадиди ман “Melody” аст, ки Шумо метавонед онро аз саҳфаи интернетии ман пайдо бикунед. Оҳангро бигиред ва аз худатон филмбардорӣ бикунед. Агар садоятон хуб набошад, машкиле нест. Чунки мо на аз садо, балки аз навори видеоии Шумо, аз тасвири Шумо истифода мекунем. Дар арзи ҳафта ҳама видеои худро бифристед, ки мехоҳам дар видеои ҷадид хелеҳо иштирок бикунанд. То ҳоло хелеҳо навори худро ҳам фиристодаанд. Умедворам хеле бештар бифристанд. Ҳоло ҳудуди 500 нафар видеои худро фиристодаанд. Аммо касе аз Тоҷикистон нафиристодааст. Дӯст дорам, ки аз Тоҷикистон ҳам бифиристанд."

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00
Линки мустақим


Озодӣ: Ораш, бар иловаи «Мелодӣ», чӣ оҳангҳои наве пешкаши ҳаводоронат хоҳанд шуд ва оё Ораш навоварии дигаре ҳам хоҳад дошт?

Ораш: "Бале, аввалин оҳанги албоми наве, ки қарор аст, соли оянда “тавлид” бишавад, “Broken angel” буд. Оҳанги дуввумам ҳаст “Melody”. Ва алъон рӯи албомам кор мекунам. Худо хоҳад то соли оянда 13 оҳанг сабт хоҳад шуд. Ҳоло шаш оҳанги омода дорам. Хеле албоми хубе мешавад. Оҳангҳои мутафовит ҳастанд аз албомҳои қаблӣ. Бо ин ҳол, вақте одам мешунавад, мефаҳмад, ки оҳангҳои орашӣ ҳастанд."



Озодӣ: Дар ҳунарнамоии моҳи гузашта дар Остонаи Қазоқистон ва ҳафтаи гузашта дар Маскав чанд нафари нав дар гурӯҳат ҳунарнамоӣ мекарданд. Ребека ҳам, ки ҳамроҳат ба Тоҷикистон рафта буд, дар он ҷо ҳузур надошт...

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:02 0:00
Линки мустақим


Ораш: "Ҳоло бархе аз аъзои гурӯҳро иваз кардем, то барои мардум якнавохт набошад. Барои ҳамин Ребека бо ман намеояд. Як хонуми дигар аст бо номи Эмелӣ. Ҳатто навозандагонро ҳам иваз кардам. Як писари юнонӣ овардам ба гурӯҳ, ки сози бузукӣ мезанад. Бузукӣ мисли тору сетори мо аст. Саъй кардам барномаамро иваз кунам."

Озодӣ: Имсол Ораш ба қавли худ вафо карда, бо дӯсти деринааш Беҳноз издивоҷ кард...

Ораш: "Бале, чанд моҳ пеш издивоҷ кардам. Як арӯсии хубе доштем дар канори дӯстон. Дар Дубай ин маросимро иҷро кардем. Бисёр хуб буд. Дӯстон он ҷо буданд. Хушҳолам, ки имсол издивоҷ кардам. Умедворем, ки баччадор ҳам бишавем."

XS
SM
MD
LG