Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимошенко додситониро "мошини таъқибот" номид


Сарвазири собиқи Украина Юлия Тимошенко имрӯз дар додгоҳ додситонии Украинаро “мошини таъқибот” номид. Додгоҳи ӯ бо иттиҳоми сӯъиистифода аз мақом имрӯз аз сар гирифта шуд. Тимошенко ин иттиҳомро радд мекунад. Ӯ рӯзи ҷумъа баъди онки аз ҳамкорӣ бо додгоҳ даст кашид ва қозии мурофиаро “лӯхтак”-и дасти рақибаш – раисиҷумҳури кунунии Украина Виктор Янукович номид, ба ҳабс гирифта шуд. Вазорати хориҷаи Амрико ба раҳоии билофосилаи Тимошенко даъват кардааст.
XS
SM
MD
LG