Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи нирӯҳои Сурия ба Тафтаноз ва Сермин


Мулоқоти Асад бо Довудуғлу
Мухолифин мегӯянд, нирӯҳои Сурия амалиёти саркӯбии эътирозҳои зидди режимро тавсиа медиҳанд. Дидбони ҳуқуқи башари Сурия гуфт, нирӯҳои артиш имрӯз ба шаҳрҳои Тафтаноз ва Сермин дар наздикии марзи Туркия ҳамла овардаанд. Мухолифин мегӯянд, аз шаҳри Дайруззор низ имрӯз садои тиру тӯп меомад. Бо ин ҳол, қарор аст, фиристодаҳои Бразилияву Ҳинд ва Африқои ҷанубӣ имрӯз дар Димишқ аз мақомоти Сурия қатъи саркӯбии эътирозҳои алайҳи режими Башшор Асадро талаб кунанд. Асад дирӯз ба вазири хориҷаи Туркия Аҳмад Довудуғлу гуфт, ки давлати ӯ таъқиби, ба таъбири ӯ, «гурӯҳҳои террористӣ»-ро бидуни ягон тараҳҳум идома хоҳад дод. Ба ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, то ҳол дар ҷараёни эътирозҳои Сурия ҳудуди1700 нафар кушта шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG