Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхир дар сохтмони нақби байни Тоҷикистону Покистон


Маҳалли сохтмони туннели Ловарӣ
Маҳалли сохтмони туннели Ловарӣ

Сохтмони туннели Ловарӣ, ки бахше аз роҳи байнулмилалӣ миёни Тоҷикистону Покистон аст, ба таъвиқ афтодааст.

Ин сохтмон шаш сол пеш шурӯъ шуда, то ҳол барои он 8 миллиард рупияи покистонӣ харҷ шудааст.

Нашрияҳои покистонӣ гуфтаанд, ширкати хориҷии нақбкан созишномаи нав ва сармоягузории бештарро тақозо кардааст, аммо тарафи Покистон ин пешниҳодро напазируфта ва дар натиҷа се моҳи охир корҳои нақби Ловарӣ қатъ шудаанд.

Дар ибтидо барои бунёди ин нақб 18 миллиард рупияи покистонӣ тахассус дода шуда, аммо афзоиши нархи масолеҳи сохтмон ин сармояро нокофӣ гардондааст. Бунёди нақби Ловарӣ бахше аз роҳи байнулмилалӣ миёни Тоҷикистону Покистон аз тариқи Афғонистон мебошад.

Ин дар ҳолест, ки вазири роҳи Покистон, Арбоб Оламгир Хон, бо ҳамтои тоҷики худ Низом Ҳакимов масъалаи сохтмони роҳи мошингард миёни ин ду кишвар тавассути водии Вахонро дар Душанбе баррасӣ кардаанд. Вазири роҳи Покистон гуфтааст, ки кишвараш раванди таҳияи асноди фаннӣ ва иқтисодии ин тарҳро 70 дарсад ба иҷро расонидааст.

Водии Вахони Афғонистон, ки бо ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшони Тоҷикистон ҳаммарз аст, Тоҷикистону Покистонро аз ҳам ҷудо мекунад.

Дар зимн, иртибототи заминӣ миёни Тоҷикистону Покистон аз тариқи Афғонистон дар гузаргоҳҳои марзии Панҷи Поён ва Бандари Шерхон сурат мегирад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Пули Дӯстӣ бар фарози дарёи Панҷ, дар чаҳор соли пеш, ҳамкориҳои Тоҷикистон на танҳо бо Афғонистон, балки бо Покистону Эрон низ густариш пайдо кардаст.

Ҳамчунин, ҷониби Тоҷикистону Покистон барои роҳандозии парвозҳои дуҷониба миёни Душанбеву Исломобод ба тавофуқ расидаанд.

Тибқи иттилои расмӣ, гардиши мол миёни Покистону Тоҷикистон соли гузаштаи 2010 бештар аз 20 миллион долларро ташкил додааст. Дар ҳоли ҳозир аз Покистон ба Тоҷикистон мева, семент, либосворӣ ва дигар намудҳои маҳсулоти саноати сабук ва сохтмон ворид мешаванд.
XS
SM
MD
LG