Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама аз эътибори қарзпардозии Амрико дифоъ кард


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама аз нерӯи қарзпардозии Амрико дифоъ кард ва гуфт, мушкили иқтисодии он қобили ҳал аст. Суханони ӯ дар ҳоле садо доданд, ки қимати саҳом дар бозорҳои бурси ҷаҳон дар ҳоли коҳиш аст. Вай ҳамзамон иқрор кард, ки натиҷагирии ширкати Standard and Poor's бояд Конгресси Амрикоро ба ҳалли зудтари масъала ҳидоят кунад. Вай гуфт, дар ҳафтаҳои оянда тавсияҳои худро барои тағйир вазъ пешниҳод хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG