Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 160 нафар дар ошӯбҳои Лондон


Полиси зиддиошӯби Британия 160 нафарро бо иттиҳоми ширкат дар беназмиҳои умумӣ боздошт кард ва маҳалли воқеаро ба муҳосира гирифт. Садҳо нафар аз ҷавонон дар шарқ ва ҷануби Лондон шишаи фурӯшгоҳҳоро шикаста, моли онҳоро ба ғорат мебаранд ва мошинҳоро ба оташ кашида, ба полис сангу шиша партоб мекунанд. То ҳол 35 полис захмӣ шудаанд. Нооромиҳо замоне сар зад, ки марги як ҷавони 29-сола дар маҳаллаи аз лиҳози қавмӣ омехтаи Лондон ба корманди полис рабт дода шуд. Ба зудӣ ошӯбҳо ба манотиқи дигар ва ҳатто маркази Лондон асар кард.
XS
SM
MD
LG