Кумиссиёни ҳуқуқи инсон дар Покистон мегӯяд, дар ҷараёни хушунатҳои мудавом дар шаҳри Карочӣ, ки аз аввали сол идома дорад, 970 нафар кушта шудаанд. Ба гузориши Радиои Машъал, аксари қурбониён аз ду минтақаи Қасабаи Карочӣ ҳастанд, ки яке маҳалли сукунати паштуҳо ва дуввумӣ аз ӯрдузабонҳост. Танишҳо миёни ду қавм дар шаҳри Карочӣ зиёд аст, ки аҳолии он 18 миллион нафарро ташкил медиҳад. Дар назархоҳии кумиссиёни ҳуқуқи инсон дар Покистон мардуми ду маҳалли ноамн гуфтаанд, намедонанд, ки чӣ касе ва ба кадом сабаб ҷангро байни ин ду қавм шурӯъ мекунад.