Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташсӯзӣ дар наздикии манзили раисиҷумҳур


Оташсӯзӣ дар маркази Душанбе

Дар маркази шаҳри Душанбе, наздикии маҳали иқомати раисиҷумҳури Тоҷикистон оташсӯзӣ рух дод.

Дар натиҷаи ин оташсӯзӣ як манзили иборат аз даҳ ҳуҷра комилан хароб шуда ва ба се манзили дигар хисорот ворид шудааст.



Иллати сӯхтор ҳанӯз мушаххас нашудааст ва мақомоти оташнишонӣ мегӯянд, ин сӯхтор масоҳати 80 метри мураббаъро дар бар мегирад. Ин сӯхтор талафоти ҷоние дар пай надоштааст.

Ин дуввумин сӯхтор давоми имрӯз дар шаҳри Душанбе мебошад. Субҳи имрӯз низ дар калонтарин бозори пойтахт-бозори «Корвон» оташсӯзӣ ба амал омад. То кунун иллатҳои сар задани сӯхтор дар бозори "Корвон" баён нашудааст. Вале гуфта мешавад, ки ҳудуди 200 метри мураббаъ аз ин бозор мавриди оташсӯзӣ қарор гирифтааст.
Оташсӯзӣ дар наздики манзили раисиҷумҳур
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00

Шарҳҳоро бинед (31)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG