Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ як хабарнигори қазоқро ҷарима кард


Додгоҳи Қазоқистон сардабири як рӯзномаро барои таҳияи кроссворди ҷанҷолбарангезе, “ба барангехтани адовати қавмӣ” гунаҳкор донист ва ӯро бештар аз 1000 доллар ҷарима кард. Ба гузориши бахши қазоқии Радиои Озодӣ, Сергей Кибасов, сардабири рӯзномаи “Фонуси даштӣ” дар шаҳри Кокшетау, дар кроссворде бо ишора ба “юрт”-нишемани суннатии қазоқҳои кӯчӣ онро “хонаи қазоқи бекоргард” навишта буд, ки ин гуфта боиси хашму тазоҳуроти мардуми Кокшетау ва дигар шаҳрҳои Қазоқистон шуд. Яке аз вакилони мардумии Қазоқистон ҳам хостааст, то рӯзномаи “Фонуси даштӣ” баста шавад, агарчӣ рӯзнома барои ин кораш аз мардум узр хостааст.
XS
SM
MD
LG