Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Муқтадо Садр ба нерӯҳои Амрико


Муқтадо Садр, як рӯҳонии бонуфузи шиъамазҳаби Ироқ, ҳушдор додааст, ки агар нерӯҳои амрикоӣ баъди 31 декабр дар кишвараш бимонанд, ба муқовимати низомӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Муқтадо Садри маъруф бо андешаҳои зиддиамрикоиаш, дар ин бора баъд аз он сӯҳбат кард, ки ҳафтаи гузашта мақомоти Ироқӣ гуфтанд, омодаанд бо Иёлоти Муттаҳида дар мавриди гузоштани теъдоде аз нерӯҳо ба хотири тамрини сарбозони ироқӣ музокирот кунанд. Ҳафт вазири ҳукумат ва 40 вакили порлумони Ироқ, аз тарафдорони ҳаракати Муқтадо Садр ҳастанд. Бар асоси созиши дуҷониба, 47 ҳазор сарбози Амрико бояд то охири ҳамин сол Ироқро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG