Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ба Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд?


Волии Бадахшони Афғонистон гуфтааст, мусаллаҳони ҷунбиши Толибон талош доранд ба Осиёи Миёна убур кунанд.

Бино ба гуфтаи Шоҳ Валиуллоҳ Адиб, волии Бадахшони Афғонистон, ҳадафи Толибон ноором сохтани вазъ дар ин вилоят ва ҷалби кӯмакҳои молӣ ба худ аст.

Ба гуфтаи ин мақоми афғонӣ, фаъолияти Толибон дар Бадахшони Афғонистон барои он густариш меёбад, ки роҳ ба давлатҳои Осиёи Марказӣ, бахусус, ба Тоҷикистон боз шавад.

Адиб ҳамчунин изҳори нигаронӣ кардааст, ки нерӯҳои амниятии Афғонистон барои ҷилавгирӣ аз ин нақшаҳо ва нуфузи афзояндаи Толибон силоҳ ва техникаи кофӣ надоранд.

Изҳори назари ин мақоми афғонӣ дар ҳолест, ки ба таъкиди соҳибназарон, гурӯҳҳои террористӣ умдатан дар фасли баҳор ва тобистон бештар фаъол шуда ва пайи ноором кардани вазъ дар кишварҳои минтақа мешаванд.

Ин соҳибназарон аз вуруди теъдоде аз афроди мусаллаҳ, бахусус ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон дар гузашта ба минтақаи шарқи Тоҷикистон ёдовар шуданд, ки ба муқовимати шадиде бо нерӯҳои давлатӣ рӯ ба рӯ шуда буданд.

Дар ҳоле, ки Иёлоти Муттаҳида ба хуруҷи нерӯҳои низомии худ аз хоки Афғонистон шурӯъ кардааст, коршиносон ҳадс мезананд, ки дар пайи ин хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ, тундгароӣ ва терроризм дар минтақа бештар шуда ба амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳдид хоҳад кард.

Коршиносон ба ин назаранд, ки кишварҳои минтақа, бахусус давлатҳое, ки бо Афғонистон марзи муштарак доранд, аз ҳоло вазъи пас аз хуруҷи нерӯҳои эътилофро ба баррасӣ гиранд ва ба ҳар шароити пешмеомада омодагӣ гиранд.

Интизор меравад то соли 2014 нерӯҳои Эътилофи зиддитеррор аз хоки Афғонистон берун хоҳанд рафт ва омодагӣ ба ҳар дигаргунӣ дар Афғонистон барои кишварҳои ҳамсоя муҳим арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG