Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муйфа" барои Чин дарди сар эҷод кард


Аз ин пеш "Муйфа" дар Филиппин харобкорӣ карда буд
Аз ин пеш "Муйфа" дар Филиппин харобкорӣ карда буд
Дар шарқи Чин қабл аз расидани тӯфони “Муйфа” беш аз чаҳорсад ҳазор сокинони манотиқи соҳили баҳр ба ҷойи амн интиқол дода шуданд. Дар бораи хисорот ва осебдидагон иттилоъ дода нашудааст.

Дар ҳамин ҳол дар Шанхай ва дар шаҳрҳои ҳамсояи он - Ханчҷоу ва Винчҷоу бар асари тундбод ва борони шадид даҳҳо парвозҳои ҳавопаймоҳо лағв карда шуданд. Мақомоти маҳаллӣ аз эҳтимоли тағйир хурдани соати ҳаракати қаторҳои тезрав ҳам ҳушдор додаанд.

Аз ин пеш бар асари тӯфони “Муйфа” дар Филиппин чаҳор нафар ба ҳалокат расиданд.

Дар ҷазираи Окинаваи Ҷопон аз ин офати табиӣ 30 нафар осеб диданд, беш аз 60 ҳазор манозил аз нерӯи барқ маҳрум шуд.
XS
SM
MD
LG