Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардикори тоҷик -- гаравгони ҷуғрофиёи сиёсӣ


Одамони интизор дар назди фурӯшгоҳ дар Схинволии Осетияи Ҷанубӣ.
Одамони интизор дар назди фурӯшгоҳ дар Схинволии Осетияи Ҷанубӣ.

Мардикори тоҷик Ҳуснуддин Машрабов дар Осетияи Ҷанубӣ банд монд ва кӯмак ба ӯ як масъалаи ҳассоси байнидавлатӣ шудааст.

Тоҷикистон мехоҳад, ба ин шаҳрванди худ кӯмак кунад, вале аз он ҷо ки Осетияи Ҷанубиро ба расмият намешиносад, наметавонад мустақиман бо мақомоти ин минтақа дар тамос шавад.

Беш аз ду моҳ аст, ки мардикори тоҷик Ҳуснуддин Машрабов имкон надорад ба хонааш баргардад. Вақте падари ин ҷавони 23-сола бо дархости кӯмак ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиат кард, онҳо дарёфтанд, ки василаи зиёде барои ёрӣ ба ин мардикорро надоранд.

Машрабов дар баҳори соли 2011-ум ба воситаи Русия -- ягона имкони вуруд ба хоки Осетияи Ҷанубӣ, ба он ҷо сафар карда буд. Вале вақте ӯ хост, ки бо ҳамон роҳ ба ватанаш баргардад, марзбонони Русия ба ишора ба баъзе хилофкориҳои Машрабов дар хоки Русия ба бозгашти вай тавассути ин кишвар монеъ шудаанд. Машрабов мегӯяд, ки иддаои марзбонон асосе надорад, зеро ӯ ҳеҷ хилофкорие накардааст.

Тоҷикистон истиқлоли Осетияи Ҷанубӣ аз Гурҷистонро, ки соли 2008-ум баъди як ҷанги кӯтоҳмуддати Гурҷистон бо Русия эълон шудааст, эътироф намекунад. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Давлат Назрӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Тоҷикистон аз Гурҷистон хост, ки дар ҳалли мушкили Машрабов кӯмак расонад, вале мақомоти Гурҷистон гуфтаанд, ки феълан чунин имкон надоранд, зеро мақомоти ҷумҳурии ҷудоихоҳ ба ҳарфи Гурҷистон гӯш намедиҳанд.

Амалан, Машрабов қонунҳои Гурҷистонро вайрон кардааст, зеро Гурҷистон вуруди афрод ба Осетияи Ҷанубӣ тавассути Русияро ҷурм мешуморад.

Машрабов мегӯяд: “Аҳволам хуб нест. Ҳар рӯз ба назди табибон меравам. Мехоҳам ба ватан баргашта ҳамон ҷо муолиҷа гирам. Вале на кор дорам у на пули бозгашт ба ватан.”

Ҳуснуддин яке аз шаш фарзанди акои Рӯзибой Машрабов аст. Зимнан радиои Озодӣ тавассути телефон падару писарро васл кард ва ҳоло сӯҳбати кӯтоҳи онҳоро бишнавем:

Сӯҳбати падару писар
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:31 0:00


Албатта, имрӯз падар пушаймон аст, ки вазъи Русияи имрӯзаро баҳои баланд дода, писарашро бидуни омодагии кофӣ ба мардикорӣ фиристодааст. Вале тавре мегӯянд, олам ба шарофати одамони хубу нексиришт побарҷост. Ҷобир Кароматов ном як сокини ноҳияи Ҳисор, ки ҳоло дар Осетияи Ҷанубӣ мардикорӣ мекунад, ба Ҳуснуддин дасти кӯмак дароз кардааст.

Ӯ мегӯяд: “Қариб се моҳ аст, ки ӯ бо ман мебошад. Ман зиёд ба сафорат занг мезанам, ки ба ӯ ёрӣ расонанд.”

Радиои Озодӣ: Шумо дар Осетияи Ҷанубӣ бо чӣ кор машғул ҳастед?

Ҷобир: “Ман дар як ширкати сохтмонӣ кор мекунам. Ман як ҷавони 25-сола ҳастам. Ҳуснуддинро ба хонаам роҳ додам ва ҳаддалимкон ӯро нигоҳубин мекунам. Ҳозир худам бояд ба Тоҷикистон равам, вале агар равам, ӯ ин ҷо мемонад. Ӯ русиро намефаҳмад, аз сабаби беморӣ кор ҳам карда наметавонад. Агар ман равам, касе нест, ки ӯро ба хонааш роҳ диҳад. Ман аз тоҷикони дигар хостам, ки баъди рафтанам ӯро меҳмондорӣ кунанд, вале онҳо гуфтанд, ки имкон надоранд. Ҳамроҳ бо ӯ як узбак ин ҷо буд, вале ӯ бо кӯмаки бародараш дар Русия санад омода карда, муваффақ шуд, ки иҷозати бозгашт ба Узбакистон тавассути Русияро ба даст орад. “

Радиои Озодӣ: Дар Осетияи Ҷанубӣ тоҷик зиёд аст?

Ҷобир: “Бале, тақрибан ду ҳазор нафар ҳастем.”

Радиои Озодӣ: Хуб, аз Радиои Озодӣ чӣ интизор доред?

Ҷобир: “Мехоҳам ба сафорати Тоҷикистон расонед, ки ба ин шаҳрвандаш кӯмак расонаду ӯро ба хонааш барад, то ман ҳам бо инсофи поку ором ба хонаам баргардам.”

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:10 0:00

Баъди тамоси телефонии мо бо сафорати Тоҷикистон дар Маскав нафаре бо Ҷобиру Ҳуснуддин сӯҳбати телефонӣ доир намуда, ваъда додааст, ки дар рӯзҳои оянда мушкили ӯ ҳал хоҳад шуд. Мо ҳам мунтазири ин ҳодисаи хуш хоҳем буд.
XS
SM
MD
LG