Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нисфи довталабони тоҷик "чаппа" шудаанд


Мақомоти Қазоқистон рӯзи 5 август аз 90 довталабе, ки вазорати маорифи Тоҷикистон имсол тибқи квота барои таҳсили ройгон ба донишгоҳҳои ин кишвар фиристод, 46 нафарро пас гардонданд. Остона ҳар сол барои довталабони тоҷик 100 бурси бепул ҷудо мекунад, вале аз 90 довталаби имсола фақат 44 танаш тавонистаанд имтиҳони дохилшавиро супоранд. Қаблан ин донишҷӯён сарфи назар аз натоиҷи чунин имтиҳон ба соли аввали донишгоҳ шомил мешуданд.
XS
SM
MD
LG