Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи мурофиаи додгоҳии Ҷӯрабек Охунов


Ҷӯрабек Охунов
Ҷӯрабек Охунов

Мурофиаи додгоҳии раҳбари ширкати «Мовароуннаҳр» Ҷӯрабек Охунов дар Додгоҳии Олӣ идома дорад.

Ҷаласаи рӯзи гузаштаи додгоҳро Шавкат Абдулхайров, додраси Додгоҳии олии Тоҷикистон пеш мебурд ва дар ҷараёни он даъвои иддае аз даъвогарон шунида шудааст.

Мурофиаи додгоҳии раҳбари ширкати "Мовароуннаҳр" дар ҳоле оғоз шудааст, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш Додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи марбут ба ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр»-ро ба Додгоҳи олӣ пешниҳод намуда буд.

Дар ҳоли ҳозир беш аз 600 нафар мунтазири ҳукми додгоҳи олӣ нишастаанд, ки 90 дарсади онҳо мехоҳанд, ки Ҷӯрабек Охунов ба озодӣ барояд, зеро ба қавли онҳо, агар раиси ширкат дар паси панҷара бимонад, дигар ниҳоде, ки зарари онҳоро ҷуброн кунад дар Тоҷикистон нест.

ҚАРЗҲОИ ҲАНГУФТИ ШИРКАТИ ҶӮРАБЕК ОХУНОВ

Ширкати "Мовароуннаҳр" бузургтарин ширкати сохтмонии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин ширкат ҳоло аз бонкҳо 13 миллион ва аз муштариёни худ бештар аз 2,5 миллион сомонӣ қарздор аст. Ин ширкат барои бунёди сохтмонҳои мухталиф 135 миллион сомонӣ масраф кардааст, ки 108 миллион аз он сармояи саҳҳомдорон будааст.

Вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов меафзояд, ки наздики 30 миллион сомонии дигар аз ин сармоя пули раиси ширкат будааст, ки барои сохтмони манзилҳо масраф шудааст.

Ба қавли вакили мудофеъ, тайи 8 моҳе, ки Додситонии кулл парвандаи Ҷӯрабек Охуновро таҳқиқ кард, ҳеҷ далеле барои қаллобии ӯ пайдо накард.

ҶАБРДИДАГОНИ ДАР ИНТИЗОРИ МАНЗИЛ

Ҳоло бештар аз ҳама наздики 700 нафар афроди ҷабрдида, ки интизори манзилҳои худ мебошанд, нигарон ҳастанд, ки пас аз боздошти раиси ширкати «Мовароуннаҳр» наздики як сол мешавад, на мақомоти давлатӣ ва на мақомоти дигар дар бораи наҳваи баргардони зарари онҳо сӯҳбат намекунанд.

Аксари ин афрод, ки дар ибтидо алайҳи ширкати «Моваронуннаҳр» аризаи шикоятӣ навиштаанд, ҳоло аризаҳои худро пас гирифта хостори ин ҳастанд, ки раиси ширкат Ҷӯрабек Охунов ба озодӣ барояд ва ба мушкил онҳо расидагӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG