Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бадрафтории десантҳои собиқи рус бо муҳоҷирон


Таҷлили рӯзи десантҳо дар шаҳри Қазон, пойтахти Ҷумҳурии Тотористони Русия ба хушунат печид. Ба гузориши бахши тоториву бошқирдии Радиои Озодӣ ҳудуди 40 нафар аз десантҳои собиқи масти рус дирӯз дар бозори меваву сабзиҷот дар Қазон ба фурӯшандаҳои бозор умдатан муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дарафтодаанд. Аммо пулиси шаҳр, ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуда 35 десантро боздошт кардааст. Ба гуфтаи мақомот се фурӯшандаи бозор бар асари бадрафтории десантҳои рус захмӣ шуданд. Рӯзи десантҳо дар Русия умдатан бо хушунат олуда мешавад ва дар ин рӯз ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ умдатан мардуми ғайрирус, аз Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аз дасти сарбозони собиқи рус ҷабр мекашанд.
XS
SM
MD
LG