Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музди вакилу олимону додрасҳо боло меравад, аз фаррошон чӣ?


Ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон
Ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон тайи як фармон музди кори кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва ҳаққи бознишастагиро аз 25 то 100 дарсад боло бурдааст.

Дар фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 2-юми август содир шуд, омадааст тадбири мазкур ба хотири беҳбуд бахшидан ба вазъи зиндагии аҳолии Тоҷикистон андешида шудааст.

Аз ҷумла бар асоси ин фармон, музди кори директорони институтҳо, пажӯҳишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 3,3 маротиба ва музди меҳнати кормандони онҳо, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба андозаи 100 фоиз зиёд карда мешавад.

Инчунин музди кори кормандони раёсатҳои Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дигар муассисаҳои илмии соҳавӣ 30 фоиз зиёд карда шуда дастмузди кормандони соҳаи тандурустӣ, ки аз ҳисоби будҷаи давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 40 фоиз зиёд ва андозаи маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани маоши вазифавии кормандони соҳаи тандурустӣ ба маблағи 112 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Бар асоси ин фармон, музди кор дар муассисаҳои пажӯҳишӣ, вазорати маориф, беҳдошт ва ҳаққи бознишастагӣ ва стипендияи донишҷӯён аз 30 то 40 дарсад боло бурда мешавад.

Музди кори додрасҳои Тоҷикистон сар аз моҳи сентябр як баробар зиёд, яъне 100 дар сад афзоиш меёбад. Вакилони парлумони Тоҷикистон ҳам сар аз моҳи оянда маоши бештар хоҳанд гирифт, зеро музди кори онҳо 50 дарсад афзоиш меёбад.

Дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар маҷмӯъ барои пардохти ин ҳама тақрибан 243 миллион сомонӣ ва ё бештар аз 50 миллион доллар лозим мешавад.
XS
SM
MD
LG