Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Оятуллоҳ Гулпоягонӣ ба мақомоти Тоҷикистон


Оятуллоҳ Софии Гулпоягонӣ, аз мароҷеи тақлид дар Эрон
Оятуллоҳ Софии Гулпоягонӣ, аз мароҷеи тақлид дар Эрон

Оятуллоҳ Софии Гулпоягонӣ, аз мароҷеи тақлид дар Эрон, давлати Тоҷикистонро ба исломзудоӣ муттаҳам кард.

Оятуллоҳ Софии Гулпоягонӣ, аз мароҷеи тақлиди наздик ба ҳукумати Эрон аз он чӣ исломситезии мақомҳои Тоҷикистон номид, шадидан интиқод карда хитоб ба мақомоти ин кишвар гуфт, ки бидонанд, роҳе, ки пеш гирифтаанд ба шикаст мебарад.

ҲУШДОРИ ОЯТУЛЛОҲ ГУЛПОЯГОНӢ

Ин марҷаъи тақлиди шиъа бо интишори паёме дар пойгоҳи иттилоърасонии худ, давлати Тоҷикистонро муттаҳам кард, ки дар мадорис ва донишгоҳҳо қонуни манъи ҳиҷоб вазъ карда ва номгузории кӯдакон ба номҳои динии Муҳаммад ва Абдуллоҳ мамнӯъ кардаанд.

Вай мақомҳои тоҷикро зимомдорони заъиф ва бозмондаи давраи шӯравӣ номид, ки ба гуфтаи ӯ бо тавтеъа монеъи пешрафти миллат ва истиқлоли комил ҳастанд.

Оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ дар паёми худ афзудааст, ки давлати Тоҷикистон бояд ба хотири ин "ҷасоратҳо" аз ҳама мусулмонони ҷаҳон расман узрхоҳӣ бикунад.

Интиқоди оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ аз қонуни манъи ҳиҷоб дар Тоҷикистон дар ҳоле аст, ки қонуне ба таври расмӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва мақомҳои ин кишвар вуҷуди чунин қонунеро рад мекунанд.

Аммо ин интиқоди ҷаноби Гулпоягонӣ метавонад ишора ба иқдоми раҳбарони донишгоҳҳои мухталифи Тоҷикистон бошад, ки аз ҳудуди чаҳор соли пеш дар бисёре маворид аз вуруди донишҷӯёни боҳиҷоб ба синфхонаҳо ҷилавгирӣ кардаанд.

Оятуллоҳ Софии Гулпоягонӣ дар паёми худ дар мавриди мақомҳои Тоҷикистон менависад: "Ин идда дар ин қитаъаи ба зоҳир кӯчаки исломӣ ва дарвоқеъ дарбардорандаи ифтихороти кӯҳани фарҳангӣ бисоти исломзудоӣ густурдаанд ва мусулмонони кишварро, ки 96 дарсади ҷамъияти он ҳастанд, зери фишорҳо қарор додаанд."

ИШОРА БА МАНЪИ НОМГУЗОРИҲОИ ИСЛОМӢ

Вай меафзояд, ки мақомҳои тоҷик бо манъи номгузории фарзандон ба номҳои динии Муҳаммад ва Абдуллоҳ масъалаи салби ҳуввияти исломӣ дар Тоҷикистонро таъқиб мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки қонуне барои манъи номҳои исломӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва дар айни ҳол гузоришҳои мухталиф ҳокӣ аз густариши истифода аз номҳои чун Муҳаммад, Абубакр ва Умар барои номгузори кӯдакони тоҷик дар солҳои ахир аст.

Бо вуҷуди ин, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар суханронии худ ба муносибати рӯзи ҷаҳонии кӯдакон истифода аз номҳои тоҷикиро барои номгузорӣ ба кӯдакон амре писандида тавсиф кард, аммо қонун дар мавриди мамнӯъияти истифода аз бархе номҳо дар ин кишвар матраҳ ва ё тасвиб нашудааст.

ҚОНУНИ МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДОН ДАР БАЁНИЯИ ГУЛПОЯГОНӢ

Оятуллоҳ Софии Гулпоягонӣ дар паёми интернетии худ теъдоди маҳдуде аз раҳбарони вомонда аз даврони шӯравиро ба исломситезии зишт муттаҳам кардааст, ки ба гуфтаи ӯ дар истиқбол аз моҳи Рамазон ҳузури ҷавонон дар масоҷидро мамнӯъ кардаанд.

Ин интиқоди Оятулло Гулпоягонӣ метавонад лоиҳае ишора дошта бошад, ки чанде пеш омода шуда ва ду палатаи парлумони Тоҷикистон онро тасвиб ва раисиҷумҳу онро имзо кард. Ин қонун вуруди афроди камтар аз 18 сол ба масоҷиди Тоҷикистонро мамнӯъ хоҳад кард.

Ба тозагӣ Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусулмонҳои Тоҷикистон аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ хоста буд, то бо наздик шудани моҳи Рамазон аз имзои тарҳи қонуни масъулияти волидон сарфи назар кунад.

Оятуллоҳ Софии Гулпоягонӣ дар поёни паёми худ аз давлатҳои исломӣ ва Созмони конфронси исломӣ хостааст, то дар ин иртибот, иқдомоти давлати Тоҷикистонро маҳкум карда ва ба ҳокимони он кишвар ҳушдор диҳанд.
XS
SM
MD
LG