Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарифӣ бо раҳбарони Туркманистон мулоқот мекунад


Қарор аст, имрӯз Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, бо мақомоти Туркманистон ҳамкориҳои дуҷониба ва бахусус масоили содироти маводи сӯхт ба Тоҷикистонро баррасӣ кунад. Дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи мегӯяд, Ҳамроҳхон Зарифӣ бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳур ва вазирони нафту газ ва энержии Туркманистон дидору гуфтӯгу хоҳад кард. Ба гуфтаи таҳлилгарон, вазири тоҷик аз мақомоти Туркманистон хоҳад хост, бо содироти маводи сӯхт ба кишвар, пойбандии Тоҷикистон ба маводи сӯхти Русияро коҳиш диҳад, ки тайи чанд моҳи ахир қимати онро барои Тоҷикистон башиддат боло бурд.
XS
SM
MD
LG