Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бегонаситезӣ дар Русия дар соли 2011 авҷ гирифтааст


Ҳомиёни ҳуқуқ дар Русия мегӯянд, сар аз соли равон то кунун миллатгароёни ифротӣ 15 нафарро дар ин кишвар куштаанд. Созмони “Сова”, як нозири ҷиноёт дар заминаи бегонаситезӣ дар Русия мегӯяд, дар ин муддат миллатгароён 70 нафари дигарро захмӣ кардаанд. Сова мегӯяд, аз ҳама манотиқи хатарнок барои мардуми ғайрирус шаҳрҳои Маскав ва Санкт Петербург ва ҳам вилояти Маскав будааст. Миллатгароён дар Русия умдатан, муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, бахусус тоҷикону ӯзбакҳо ва ҳам қафқозиҳоро ҳадаф мегирифтаанд.
XS
SM
MD
LG