Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии раиси Ситоди муштараки артиши Туркия


Генерал Сабоҳиддин Ишиқ Кошанер, раиси мустаъфии Ситоди муштараки артиши Туркия
Генерал Сабоҳиддин Ишиқ Кошанер, раиси мустаъфии Ситоди муштараки артиши Туркия

Неҷдет Ӯзел фармондеҳи нерӯҳои заминӣ ва кафили раёсати Ситоди муштараки артиши Туркия интисоб шуд.

Ин амр ҳамагӣ як рӯз баъд аз истеъфои тамоми аъзои Ситоди кулли артиши Туркия, бо шумули фармондеҳи кулли нирӯҳои мусаллаҳи ин кишвар генерал Сабоҳиддин Ишиқ Кошанер ва фармондеҳони нерӯҳои хушкигарду баҳрӣ ва ҳавоӣ эълон шуд. Генерал Ӯзел то кунун фармондеҳи пулиси низомӣ буд.

ИСТЕЪФОИ ДАСТАҶАМЪИИ НИЗОМИЁНИ ТУРКИЯ

Эгемен Богис, вазири Туркия дар умури ҳамоиш бо Иттиҳодияи Аврупо ва раҳбари ҳайъати Анкара дар музокирот бо ин паймон дар шарҳи далели чунин ба зудӣ таъйин кардани фармондеҳи ҷадиди артиш гуфтааст, “нирӯҳои Туркия набояд бефармондеҳ бимонад.”

Дар таърихи Туркия барои нахустин бор аст, ки фармондеҳони аввали артиш ба чунин сурати дастаҷамъӣ тарки мақом мекунанд. Истеъфои ғайримунтазира ва чунин гурӯҳии генералҳои аршади турк дар пасманзари танишҳоест, ки байни низомиён ва давлати рӯ ба исломи Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар пайи боздошти даҳҳо генерал бо иттиҳоми қасди табаддулот бархостааст.

Ишиқ Кошанери 66-сола дар паёми хайрбодиаш гуфтааст, ки ба далели нотавонӣ дар амри дифоъ аз низомиёне, ки ба зиндон кашонида шудаанд, ба истеъфо меравад. Феълан дар Туркия 250 афсар, бо шумули 173 афсари фаъол ва 77 афсари мустаъфӣ, бо иттиҳоми қасди табадуллот алайҳи ҳукумати Эрдуғон дар боздошт қарор доранд. Генерал Кошанер ин боздоштҳоро муноқиз бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва адолат номид.

ТУРКИЯ ДАР ПЕШРӮИ БЕСУБОТИИ СИЁСӢ?

Ба навиштаи Ассошиэйтед Пресс, бисёриҳо дар Туркия худи вуҷуди табадуллотеро чунин зери суол мебаранд ва мегӯянд, ин ҳама боздоштҳо бахше аз маъракаи дарозмуддати Эрдуғон барои истиқрори ҳукми мулкӣ дар Туркия аст, ки дар тӯли даҳсолаҳо таҳти султа ва нуфузи низомиён қарор дошт. Аммо ҷониби давлат ин иддаоро радд карда мегӯяд, низоми адлия дар Туркия мустақилона ва ҷудо аз давлат амал мекунад.

Ин истеъфои дастаҷамъона, ба назари нозирони умур, метавонад дар кӯтоҳмуддат бесуботии сиёсӣ ё низомиро дар пай биорад ва рафъи чунин таҳаввули вазъ боз ҳам бастагӣ дорад ба маҳорати сарвазир Раҷаб Эрдуғон ва давлати ӯ, ки фармондеҳони ҷадиди таъйинкардааш то куҷо доираҳои низомии Туркияро метавонад қаноат бидиҳад.

Давлати Эрдуғон ба симати фармондеҳи ҷадиди нирӯҳои мусаллаҳ генерал Неҷдет Ӯзелро пешбарӣ кардааст, ки то ҳол фармондеҳи пулис ё жандармерияи низомии Туркия буд.

Интисоби фармондеҳон ба 3 симати боқимонда ғолибан ҳафтаи оянда, дар пайи баргузории нишасти Шӯрои олии низомии Туркия, ки ба рӯзи душанбе таъйин шудааст, сурат хоҳад гирифт.

ТАҒЙИРОТИ КУНУНӢ ВА ОЯНДАИ АРТИШИ ТУРКИЯ

Аммо ба бовари нозирон, баъид аст, ки қазияи ахир ба амалиётҳои артиши Туркия алайҳи чирикҳои курд ё ба вазъи нирӯҳои Туркия дар ҳайъати нирӯҳои НАТО дар Афғонистон таъсире ба ҷо гузорад.

Туркия танҳо кишвари мусалмонии узви НАТО аст ва дар Афғонистон 1800 сарбоз дорад. Аммо сухангӯи ин эътилофи низомӣ дар Брюссел аз шарҳи қазияи истеъфои фармондеҳони аввали турк худдорӣ карда, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Марк Тонер ин истеъфоҳои дастаҷамъиро “кори дохилӣ”-и Туркия номидааст.
XS
SM
MD
LG