Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: "Дар Шӯрообод барои сайёҳон гузаргоҳ вуҷуд надорад"


Мақомоти Шӯрообод мегӯянд, дар ин ноҳия ягон гузаргоҳи расмӣ вуҷуд надорад, ки аз Афғонистон сайёҳон ворид шаванд.

Ин дар ҳолест, ки чанде қабл мақомоти Афғонистон аз кушта шудани 8 нафар сокини вилояти Самангон, ки гӯё барои сайёҳат ба Шӯрообод омада будаанд, хабар доданд.

Аммо як масъули ин ноҳия, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, шаҳрвандони Афғонистон дар ҳоле кушта шудаанд, ки дар минтақаи мамнӯи сарҳадӣ гаштугузор мекарданд. Ба гуфтаи ӯ, ин минтақаи марзӣ ба мавзеи 20 километрие дохил мешавад, ки бидуни иҷозаи хос, ҳатто барои шаҳрвандони Тоҷикистон ворид шудан ба он манъ аст.

Ин масъул ҳамон минтақаеро дар назар дорад, ки беш аз 35 ҳазор ҳекторро дар бар мегирад ва то ду соли пеш ғайрирасмӣ дар ихтиёри қочоқчиёни афғон қарор дошт. Онҳо дар ин мавзеъ ҳатто манзили зист бунёд намуда, тамоми боигарии табии онро бо худ мебурданд. Дар ду соли пеш дар пайи як амалиёт наздики 300 шаҳрванди Афғонистон аз ин ҷо ронда шуда, ин минтақаи марзӣ ба ихтиёри нерӯҳои марзбонии кишвар гузашта буд.

АФҒОНИСТОН ХОСТОРИ ШАРҲИ БЕШТАРИ ҚАЗИЯ

Бо ин вуҷуд, Залмай Расул, вазири хориҷаи Афғонистон кушта шудани 8 шаҳрванди кишвараш дар ин минтақаи
Вазирони умури хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон

марзиро ҷиддӣ гирифтааст. Ӯ зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, аз мақомоти марбутаи Тоҷикистон шарҳи бештари ин қазияро хоҳон аст.

Вай гуфт: «Ин хабарро мо дорем ва бо дӯстони худ дар сӯҳбат ҳастем. Умедворам, ки пас аз оне, ки ба Кобул пас биравам, маълумоти дақиқ дар даст дошта бошем, ки бубинем, ки асли воқеа чист. Дар ин ҷо шак нест, ки як тасодум сурат гирифтааст. Онҳо кӣ буданд ва чӣ тур сурат гирифтааст, инро мо ҳанӯз таҳқиқ мекунем. Хоҳиш мекунам, ки ҷониби Тоҷикистон ба мо чизи дақиқ диҳанд, пеш аз он, ки мо ба Афғонистон биравем.»

Дар ҳамин ҳол Икром Зоиров, масъули додситонии ҳарбӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, амалиёте, ки бар зидди 8 шаҳрванди Афғонистон гузаронида шуд, дар чорчӯбаи қонун сурат гирифт.

Ба гуфтаи Зоиров, ҳангоме, ки мақомот ин шаҳрвандони Афғонистонро барои шиносоӣ даъват мекунанд, онҳо ба ин даъват бо оташкушоӣ посух медиҳанд.

Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон
Дар ин ҳолат, задухӯрд рух медиҳад, ки онҳо кушта мешаванд ва макони муваққатии буду боши онҳо маводи мухаддир ва силоҳҳои оташфишон кашф гардидааст.

Ба гуфтаи мақомот, ин ҳодисаи аввалин задухӯрди қочоқчиён бо сарҳадбонони тоҷик нест, балки тайи ним соли ахир дар пайи чунин ҳамлаи қочоқбарон шаш марзбони ҷавони тоҷик низ кушта шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ гуфтааст, ки ин ҳодиса мавриди омӯзиш қарор дорад.

Марзи беш аз 150 километрии Шӯрообод бо давлати исломии Афғонистон аз душвортарин мавзеи назорати қитъаи марзӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG