Пайвандҳои дастрасӣ

Брейвикро полис бори дуввум бозпурсӣ мекунад


Андерс Беринг Брейвик
Интизор меравад, ки имрӯз полиси Норвегия бори дуввум Андерс Беринг Брейвикро барои куштори 76 нафар бозпурсӣ кунад. Вайро барои ду ҳамлаи террористӣ дар рӯзи ҷумъаи гузашта дар Норвегия муттаҳам медонанд. Брейвик эътироф кардааст, ки вай аввал дар Осло бамгузорӣ кардааст, сипас ба ҷазираи Утоя рафтааст ва тирандозиро ҳам худаш анҷом додааст. Вале кормандони полис мегӯянд, ки дар ин бора хабарҳои нав ба даст омадааст ва Брейвик бояд бори дуввум бозпурсӣ шавад. Бозрасони ин аъмоли террористӣ мегӯянд, онҳо мехоҳанд рӯшан кунанд, ки Брейвик худаш танҳо амал кардааст ё вай узви ягон шабакаи террористӣ аст. Додситонҳо мегӯянд, ки то соли 2012 мурофиаи додгоҳии Брейвик оғоз нахоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG