Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амният низоъ дар шимоли Косоворо баррасӣ мекунад


Сербистон аз Шӯрои Амнияти СММ хост, то масъалаи авҷ гирифтани танишҳо дар шимоли Косоворо баррасӣ кунад.

Шӯрои Амният дархости мазкурро пазируфтааст, вале бар хилофи хостаи давлати Сербистон нишасти изтирорӣ на боз, балки паси дарҳои баста баргузор мешавад.
То кунун 60 ҳазор нафар серб дар шимоли Косово зиндагӣ мекунанд ва аксарияти онҳо истиқлоли Косово аз Сербистонро эътироф намекунанд ва Белградро пойтахти кишвари худ медонанд...


Муноқиша дар шимоли Косово пас аз он авҷ гирифт, ки гурӯҳе аз сербҳои тундравба посгоҳе дар он минтақа ҳамла карданд. Гурӯҳи 50-нафарии сербҳои ниқобпӯш бо ҳамла ба гузаргоҳи Яринйе, посгоҳеро вайрону валангор карданд ва сохтмонҳои онҷоро оташ заданд.

Зимни баҳсу кашмакашҳои ду тараф садои тирандозӣ шунида шуд ва нерӯҳои ҳофизи сулҳи ба раҳбарии НАТО дар Косоворо барои фурӯ нишондани муноқиша ба он маҳал фиристоданд.

Ҳошим Тачӣ
Ҳошим Тачӣ, нахуствазири Косово, ҳукумати Сербистонро гунаҳкори ин ҳодиса хонд: "Як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ бо сарпарастии раҳбарони сохторҳои ҳамсони серб бо ташвиқи мақомоти Белград аввал ба посгоҳи марзии якум ва сипас ба посгоҳи марзии 31 дар Брняк ҳамла карданд. Ин амалкардҳои хушунатбор бо амру ҳидояти болотарин ниҳодҳои сиёсии Сербистон сурат гирифтааст."

Аммо Горан Богданович, вазири Сербистон барои Косово низ ҳамларо маҳкум кард ва онро “кори дасти тундравон ва гурӯҳҳои ҷиноӣ” хонд.

Зимни боздид аз посгоҳи Яринйе ӯ гуфт, ҳамлаварон, сербҳои маҳаллӣ аз манотиқи наздик ба посгоҳ набудаанд. Борко Стефанович, музокиракунандаи аршади Сербистон низ бо интиқод аз ҳамлаварон, гуфт, онҳо бо чунин кор, талошҳо барои рафъи мусолиматомези танишҳо байни сербҳо ва албаниҳо дар шимоли Косовро ба хатар меандозанд.

Борко Стефанович
"Ин амали хушунатбор, ки кори дасти ҷинояткорон ва тундгароён аст, нишондиҳандаи қасди ошкор барои баҳам задани талошҳо барои ҳалли тамоми масоил аз роҳи осоишта аст. Ин кор мавқеъи сербҳо дар шимоли Косово ва Метохияро бисёр бад карда ва барои ҳалли мушкилоте мусоидат намекунад",-гуфт ӯ.

Нооромиҳо дар Косово баъд аз он шурӯъ шуд, ки давлати Приштина рӯзи душанбе, 25-уми июли соли ҷорӣ, дар талоше барои ба ихтиёри худ гирифтани посгоҳҳои марзии таҳти назорати сербҳо дар шимоли Косово ба онҷо нерӯҳои худро фиристод, ки инро Белград афзоиши хатарноки танишҳо хонд.

Дар баҳсу ҷадалҳои аввал як пулиси албанитабор кушта шуд ва нерӯҳои махсуси Косово тавонистанд танҳо як посгоҳи марзиро таҳти назорат гиранд, вале сербҳо нагузоштанд, онҳо ду посгоҳи марзии дигар бо Сербистонро бигиранд. Давлати Косово баъди эъломи истиқлол дар се соли пеш то кунун манотиқи шимолии ҳаммарз бо Сербистонро таҳти контрол надорад.

Дар Косово, ки шимоли он умдатан сербнишин аст, хатари авҷ гирифтани танишҳои қавмӣ ҳамеша зиёд буд ва ба ҳамин хотир соли 1999, пас аз амалиёти ҳавоӣ ба раҳбарии НАТО барои хотима додан ба қатли албанитаборон дар Косово, нерӯҳои байналмилалӣ дар моҳи июни ҳамон сол дар шаҳри Митровитса ҷойгир карда шуданд.

То кунун 60 ҳазор нафар серб дар шимоли Косово зиндагӣ мекунанд ва аксарияти онҳо истиқлоли Косово аз Сербистонро эътироф намекунанд ва Белградро пойтахти кишвари худ медонанд.

XS
SM
MD
LG